Шуруъ аз 22-юми апрел дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобуси №61 ташкил мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар дод.
Ин хатсайр тавассути терминали ғарбӣ-таваққуфгоҳи маркази савдои «Ховарон» ба фаъолият оғоз менамояд. Ҳаракати автобусҳо дар ин хатсайр тавассути шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ва кӯчаву хиёбонҳои Алишери Навоӣ, Карамов, Низомӣ Ганҷавӣ, Исмоили Сомонӣ, Шероз, Шотемур, Мирзо Турсунзода, Нисор Муҳаммад, Дӯстии халқҳо, Аҳмади Дониш, Мастонгулов, Зебунисо ва Садриддин Айнӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳамзамон, дар ин рӯз масири хатсайри автобуси №41 (“Кӯшониён” - Терминали ғарбӣ) тағйир меёбад. Акнун автобусҳои ин хатсайр тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, Рӯдакӣ, С. Носирова, Карамов, А. Навоӣ ва шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ба роҳ мегузаранд.