formula feb 2025
Ҳавопаймои "Вориш" дар фурудгоҳи Душанбе нишасти "хатарнок" анҷом додааст
11.04.2025
Oila.tj
288

Дирӯз, 10-уми апрел як ҳавопаймои мусофирбари ширкати эронии "Вориш" (Varash Airlines) ҳангоми фуруд омадан дар Душанбе аз хати фурудоӣ берун шуда, нишасти "хатарнок" анҷом додааст.

Расонаҳо бо истинод ба иттилои Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон хабар доданд, ки ин ҳодиса рӯзи гузашта соати 11:40 ба вақти Душанбе рух дода, кори Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе барои беш аз 6 соат қатъ шудааст.

Аз Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳавопаймои "Boeing 737-500", ки аз Теҳрон ба Душанбе парвоз карда буд, ба далели ногаҳон бад шудани вазъи ҳаво ва бориши шадиди жола натавонистааст ба таври бехатар ба замин фуруд ояд.

Ба гуфтаи Оҷонсии ҳавонавардии кишвар, ҳамаи ҳавопаймоҳое, ки бояд дар ин фурудгоҳ нишаст анҷом медоданд, ба фурудгоҳи Хуҷанд дар шимоли кишвар равона шудаанд.

Гуфта мешавад, ки соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймо ба истгоҳи худ кашонида шуда, айни замон фурудгоҳ ба реҷаи муқаррарӣ баргаштаву фаъолият дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД