Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон як зани ҷавон бо кӯдаки хурдсолаш гум шудааст.
Сарвиноз Қурбонова ҳамагӣ 23-сол дошта, сокини деҳаи С. Кароматуллои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Ин зан субҳи 12-уми сентябр бо кӯдаки хурдсолаш Нилуфар Давлатмуродзодаи 3-сола аз хона баромада, бо ҳамин беному нишон гаштааст. Қариб 20 рӯз мешавад, ки пайвандонаш Сарвиноз ва фарзанди ӯро ҷустуҷӯ доранд.
Аз шахсоне, ки ин занро дар ҷойе дидаанд ё дар борааш чизе медонанд, хоҳиш карда мешавад, ки ба пайвандонаш хабар диҳанд. Қадаш тахминан 160-165 сантиметр буда, ҳангоми аз хона баромадан дар танаш либоси рангаш сиёҳ ва дар сар рӯймоли кабуд доштааст. Ягон бемории рӯҳӣ надорад.
Агар дар бораи Сарвиноз чизе медонед, ба ин рақамҳо занг занед: 📞 93- 837- 07- 00, 90- 345 -10 -00, 8 32- 47- 4 21- 21, 8 32- 47- 4 3-5 02