Духтурон ҳолати беморро вазнин меноманд
Як ҷавони тоҷик дар Русия бо захми корд ба бемористон интиқол дода шудааст.
Ин муҳоҷири тоҷик аз дилаш корд хӯрда, табибони рус ҳолати ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд...
Ҳодиса шаби 16-уми декабр ар шаҳри Санкт-Петербург рӯй дода, шоҳидон ба пулиси ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленинград дар бораи як занозании гуруҳӣ дар таваққуфгоҳи мошинҳои фурӯшгоҳи “Мега Дибенко” хабар додаанд. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса як гурӯҳи тахминан 10 нафара ба як ҷавон дарафтода, бераҳмона бо калтак ӯро лату кӯб намуда, баъдан корд зада, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.
Дар пайи ин муноқишаи хунин ҷавонеро бо захми корд ба беморхона овардаанд, ки баъдан 21-сола ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш маълум гаштааст. Табибони рус захми ӯро вазнин меноманд.
Муҳоҷири кордхӯрдаи тоҷик ба иттилои расонаҳои маҳаллии русӣ соли 2021 бо нияти кор кардан ба Россия омада, дар шаҳраки Кудрово дар канори шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекардааст. Дар бораи шахсияти касоне, ки ба ҷавони тоҷик ҳамла карда, ӯро корд задаанд, ҳанӯз ягон маълумот нест.Сабабҳо ва ҷузъиёти дигари ин муноқишаи хунин аз ҷониби пулис муайян карда мешавад.