Ду ҷавони тоҷикро дар Русия бо иттиҳоми захмӣ кардани корманди пулис дастгир намудаанд. Зимни боздошт дар арфти як амалиёт ин ҷавонон муқобилият нишон дода, яке аз онҳо як корманди пулисро аз таппонча захмӣ кардааст...
Ҳодиса рӯзи 5 декабр дар шаҳри Дзержински вилояти Нижний Новгороди Русия рӯй дода, ду зодаи Тоҷикистон, ки яке 24 ва дигарӣ 25 сола будааст, савори мошини ВАЗ ба шаҳраки Бабушкино барои гирифтани “бор” аз “махфигоҳ” (“закладка”) омадаанд, вале маълум шудааст, ки ин “махфигоҳ” бардурӯғ аз сӯи кормандони пулис сохта шуда, кормандони пулис он ҷо роҳи қочоқбаронро мепоидаанд.
Ҳангоми боздошт зодагони Тоҷикистон ба пулис муқовимат нишон додаанд ва яке аз онҳо талош кардааст, ки туфангчаро аз дасти афсари пулис кашида гирад.
Ҳангоми кашмакаш ин ҷавони тоҷик ангушти корманди пулисро, ки дар ин лаҳза кулангчаи пистолетро зер карда буд, фишор медиҳад ва тир аз пистолет берун шуда, ба рони пои афсари пулис мерасад.
Корманди пулисро бо захми тир ба бемористон бурда, зодагони Тоҷикистонро дастгир кардаанд, вале аз онҳо ба ҷуз як китоби “Қуръон” дигар ягон чизи мамнӯъ ва ё маводи мухаддир пайдо накардаанд.
Тавре и Бомдод дар такя ба “Открытый Нижний” менависад, ба ин ҷавонони тоҷик барои зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.