Мавзунҷон Ғафурзод ҳамагӣ 28-сол дорад. Вай аз модар нобино ба дунё омада, дар зиндагӣ ранҷу азобҳои зиёде кашидааст.
Мавзунҷон дар хурдсолӣ аз модар ятим монда, дар тарбии модари угай ба воя расидааст, вале ба ин ҳама шикастҳо аз зиндагӣ дилшикаста нашуда, аз хурдӣ ба омӯзиши донишу ҳунар шавқу рағбати беандоза дошт ва ҳамин муҳаббат ӯро аз деҳаи Ёрии Панҷакент ба мактаб-интернати нобиноёни шаҳрии Ҳисор овард.
Соли 2012 баъд аз хатми мактаб-интернат вай ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов супурд ва баъди хатми ин даргоҳи ҳунар бо мақсади такмил додани дониши мусиқии хеш ба Консерватиряи Миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов дохил шуда, факултаи овозхонии эстрадиро хатм намуд.
Мавзунҷон ҳанӯз давраи дар консеравтория таҳсил карданаш дар ансбали “Чаман” ба фаъолияти ҳунарӣ шуруъ намуда, то ба имрӯз дар ин дастаи овозадор ҳунарнамоӣ мекунад. Азбаски Мавзунҷон аз дидаи бино маҳрум аст, ҳамкоронаш барои аз роҳ гузаштан ҳамеша кӯмакаш мекунанд.
Ёсуман Шокирова, яке аз ҳамкорони Мавзунҷон мегӯяд:
“Мавзунҷон бо ҳунару истеъдоди худододаш ҳама ҳамкоронро қоил кардааст. Худованд ба ӯ чашми бино надода бошад ҳам, вале ӯ имкони ба анҷом расонидани корҳои бузургро дорад. агар мо самти шеҳру сурудро ба назар гирем, ӯ матнро як бор шунавад, дарҳол азёд мекунад ва нозукиҳояшро ба навозандагон мефаҳмонад.”
Мавзун дар қатори 14 -узви ансабли “Чаман” дар таҳия ва банду басти сурудҳо саҳми назаррас дорад. Тавре, ки роҳбари ансамбл, ҳунарманди маъруфи тоҷик Наҷмиддин Қаландар зимни сӯҳбат бо мо қайд кард, Мавзунҷон яке аз нафарони лозимӣ дар ансамбли “Чаман” ба шумор рафта, ягон суруд бе гирифтани назари ин ҳунарманд банду баст ва омода намешавад.
Мавзун то ба ин даргоҳ расидан мушкилиҳои сахту сангинеро пушти сар кардааст. Ӯро дар ҳама ҳолат Убайдулло Убайдуллоев дастгирӣ мекард ва Мавзунҷон аз ин марди худодод аз замин то осмон миннатдор аст.
Қаҳрамони мо Мавзунҷони Ғафурзод нобинои кул буда, на падар дораду на модар ва на бародаре, ки дасташро гирифта ба вай ёрӣ расонад. Вай хонаи шахсӣ надорад ва муддати 9 сол боз дар яке аз хобгоҳи донишҷӯён зиндагӣ мекунад. Тӯли ин солҳо мушкилиҳои зиёдеро паси сар кардааст. Чандин маротиба хостанд ӯро аз ин хобгоҳ берун кунанд, аммо бе ҷои зист ва маъюб будану дигар ягон дари умед надоштанаш Мавзунро маҷбур сохт, ки дари шахсони масъулро кубад, то барои идомаи зиндагӣ дар хобгоҳ барояш иҷозаташ диҳанд.
Мавзунҷон Ғафурзод бо амри такдир аз ҳамсари аввалаш бо ду фарзанд ҷудо шуда, дубора оила барпо кардааст ва соҳиби 4 фарзанд мебошад. Ҳамсараш донишҷӯ буда, дар набудани модарашон нигоҳубини кудаконро худи Мавзунҷон ба ӯҳда мегирад.
Мавзун мегӯяд: “Ман ба устои барқчӣ ниёз надорам, ҳарчанд аз дидаибино маҳрум бошам ҳам, асбобҳои барқии вайроншударо худам дуруст мекунам ва бар замми ин, ҷевону миз месозам.
Ҳамсари Мавзунҷон мисли худаш маъюб буда, кашидани бори зиндагӣ ва таъмини зану фарзандонаш барои ин ҷавони нобино хеле мушкил аст, бар замми ин, азоби бехонагӣ бар дӯшаш бор гаштааст. Солҳои зиёди дар ба дарӣ хаставу афгораш карда бошад ҳам, бо ин ҳама мушкилиҳо навмед нагашта аз паси эҷоди суруду тарона аст.
Мавзун мехоҳад зиндагии беҳтареро барои фарзандонаш муҳаё созад, то мисли худи вай азоби бехонагию дар ба дарӣ накашанд. Аз ҳамин хотир ин ҷавони оҷиз аз шахсони хайрхоҳ ва соҳибкорони ватанӣ хоҳиш дорад, ки барояш кӯмак намоянд, то ки мушкилии беманзилии онҳо бартараф шуда, хобгоҳро ба донишҷӯёне, ки ҳаққи истиқомат доранд, баргардонад.
Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин ҷавони маъюб ва ҳунарманд дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд хайрияи худро ба корти бонкии зерин гузаронанд: Корт 9762 0000 2328 9092 (Душанбе сити)
Корт бо рақами +992-935-469-717 пайваст мебошад.