arzon replenishment
Ҷавони деҳотӣ хона ва 5 мошини марди шаҳриро бе пул соҳиб шуд, вале...
2500


Мегӯянд шайтони лаъин инсонро васваса намуда ба кору амалҳои бад тела медиҳад, вале одамони маккоре ҳастанд, ки дар фиребу найранг устухон надошта, ҳатто шайтонро дарс медиҳанд.

Рафтори як ҷавони деҳотӣ, ки тамоми дороии ҷавонмарди шаҳриеро аз худ намуда ӯро бехонумон гардонидааст, далели равшани ин гуфтаҳост....
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як сокини 30-солаи ноҳияи Кӯшонёин ба иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи махсусан калон хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, номбурда ҳанӯз моҳи июни соли 2019 дар назди манзили иқоматиаш ба боварии марди 30-солаи сокини пойтахт даромада, бо роҳи фиреб 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес ҶЛ», арзишаш 44 ҳазору 500 сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес СЛС», арзишаш 34 ҳазори 500 доллари амрикоӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи »Лексус-ЛХ», арзишаш 30 ҳазор доллари амрикоӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-С», арзишаш 15 ҳазор доллари амрикоӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи «Ауди А-5», арзишаш 13 ҳазор доллари амрикоӣ, хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 108-метри мураббаъ, арзишаш 43 ҳазору 200 доллари амрикоӣ ва 16-тона арматур, арзишаш 16 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро бар нагардонидааст.

Ҳамин тавр ин марди фиребгар ба ҷабрдида зиёда аз 150 ҳазор доллари амрикоӣ ва қариб 45 ҳазор сомонӣ зарари иқтисодӣ расонида бошад ҳам, гумон дошт, ки ин амалаш бе ҷавоб мемонад, вале тираш хок хӯрда, оқибат ба даст афид. Акнун ин марди дар ҳилла гум барои амали ҷиноӣ ва номардонааш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД