Бо фарорасии мавсими гармо ҷавонон худро ба дарёву ҷӯйҳо зада, кӯшиш мекунанд, ки шиддати гармиро бо оббозӣ андаке пасттар созанд, вале надонистани ҳунари шиноварӣ боиси сар задани фалокат ва ҳодисаҳои ногувор гашта метавонад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз марги фоҷиаборӣ як ҷавони масчоҳӣ ҳангоми оббозӣ хабар додааст.
Бино ба иттилоъи ин ниҳод, як сокини 19- солаи ҷамоати Обшорони ноҳияи Мастчоҳ дар канали ин ноҳия оббозӣ карда, ғарқ шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, наҷотдиҳандагон сари вақт ба ҷойи ҳодиса расида бошанд ҳам, натавонистан ҷавонро аз доми марг наҷот бахшанд.
Дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ онҳо ҷасади ин ҷавонро дар мавзеи минтақаи насоси обкашии № 1 дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстон дарёфт карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.