Formula novemver 2024
Ҷавони 19-сола 12 хонаро ғорат кард
996


Дуздиву ғоратгарӣ натанҳо ҷиноят, балки аз назари дини мубини ислом низ гуноҳи хеле бузург аст.

Худованд касонеро, ки амволи дигаронро ба яғмо мебаранд, лаънат кардааст, аммо дар байни мо, мусалмонон афроди кӯрдил ва тирамағзе ҳастанд, ки гуноҳи азим будани ғоратгариро дидаву дониста, ҳатто дар моҳи шарифи рамазон, ки моҳи тавбаву парҳезкорӣ мебошад, даст ба чунин амалҳои нораво мезананд. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як сокини ноҳияи Кӯшониён хабар додааст, ки дар дуздии 12 хона гумонбар дониста мешавад.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, дар асоси аризаҳои чанд нафар сокинони ноҳияи Кӯшониён дар боби аз манзили истиқоматиашон аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани ашёҳои рӯзгор аз қабили махсулоти сохтмонӣ, маводҳои хӯрока, дастгоҳои обкашӣ (матор), аробаҳо, таҷҳизоти барқӣ ва ғайра аз ҳисоби кормандони милитсияи ноҳия гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, дар рафти амалиёт як сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар дуздии амволи мардум дастгир карда шуд.

Боздоштшуда Муҳаммадраҳим Астонов, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён буда, қаблан бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, вале ба ҷойи ислоҳ шудан баъди ба озодӣ баромадан, кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, бо роҳи ба яғмо бурдани амволи мардум зиндагии худро пеш мебурдааст.

Ин ҷавони чорпаҳлӯ ба ҷойи он ки бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзиашро ба даст оварад, шабона, бо роҳи пинҳонӣ ба манзили сокинони деҳот ворид гашта, ашёҳои рӯзгори онҳоро дуздида, аз ҷои ходиса ғайб мезад, вале мисли ҳамон мақоли халқии “як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дасти малахак” оқибат ба чанг афтид.
“Зимни пурсиш ва пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки гумонбаршуда дар 12 ҳолати ҷинояти дуздӣ даст дорад”-омадааст дар хабар.

Айни замон нисбати Астонов Муҳаммадраҳим дар шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Кӯшониён парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД