Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ғарқ шудани як ҷавони 18-сола дар Сирдарё хабар додааст...
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҷасади ҷавони 18-солаи сокини деҳаи Шоҳони ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштичро кормандони раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз дарёи Сир пайдо кардаанд.
“Ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ҷасади марҳумро соати 17:35 дақиқа пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”-менависад манбаъ.
Дар хабар омадааст, ки ин ҷавони ормонӣ рӯзи 20-май дар дарёи Сир ғарқ шудааст, вале тафсилоти дигари маргаш ва сабаби ғарқ шудани марҳум муайян нест.
Ҳодиса аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор таҳқиқ карда мешавад.