Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар додааст, ки бо ваъдаи овардани электромобил аз Хитой аз мардум пули кадон гирифта, онҳоро фиреб медодааст.
Рустам Ҳамроев 20 сол дошта, сокини шаҳри Ваҳдат мебошад. Кормандони милитсия ин ҷавонро бо иттиҳоми содир намудани силсилаи ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир намудаанд. Ба иттилоъи раёсати ВКД дар пойтахт Рустам Ҳамроев бо ваъдаи аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас намудани воситаҳои нақлиёти барқӣ, ҳамчун пешпардохт беш аз 1-миллиону 500-ҳазор сомонии шаҳрвандонро гирифта, маблағи мазкурро ба фоидаи худ истифода бурдааст.
Нисбат ба Ҳамроев бо қисми 4-и моддаи 247и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.