Sebiston new 2024 october
Ҷавоне, ки аз ҳар ангушташ ҳунар мерезад
959

Ошиқу шайдои ҳунар

Раҳимҷон Мансурови 20-сола муддатҳост, ки ба ҳунари мисгарӣ машғул аст. Ӯ ин ҳунарро аз бобову падараш омӯхтааст. Панҷ панҷаи қаҳрамони мо ҳунар буда, вай натанҳо  аз ӯҳдаи мисгарӣ, балки наққошиву заргарӣ ва кандакорӣ низ мебарояд.

Раҳимҷон дар оилаи яке аз ҳунармандони маъруфи шаҳри Истаравшан Мирзо Мансуров ба камол расида, дар ин синну сол соҳиби якчанд ҳунар мебошад, зеро меҳри ҳунар бо шири модар дар рагҳои ӯ ҷорӣ гашта, ҳафт пушташ ҳунарманданд. 

 

Мисгарӣ яке аз қадимтарин навъҳои ҳунари мардумӣ ба ҳисоб рафта, таърихи пайдоиши он ба асри  сангу мис (энеолит) алоқаманд аст. Чун инсоният дар давраи гузариш аз асри санг ба асри биринҷӣ қарор гирифт, сохтани олоти лозимаро аз мис омӯхт ва бо мурури замон ин навъи ҳунар рушд кард.  Имрӯзҳо шумораи нафароне, ки бо ҳунари мисгарӣ шуғл меварзанд, ниҳоят кам аст. Барои он ки ин ҳунар боз ҳам рушд ёбад, қаҳрамони мо аз бобояш усто Мансур тамоми нозукиҳои  мисгариро омӯхтааст.

"Аз хурдӣ ба ҳунари мисгарӣ таваҷҷӯҳ доштам, чунки бобоям ва падарам ҳамарӯза машғули ин пеша буданд. Ман назди онҳо истода бо диққат ба раванди корашон зеҳн мемондам, то ин ҳунарро аз худ кунам. Бобоям ҳам барои он ки ҳунари мисгариро омӯзам пайваста маро ташвиқ мекарданд. Бо мурури вақт ҳунари мисгариро, ки аз насл ба насл ба мо мерос мондааст аз худ кардам. Чун аллакай аз нозукиҳои ҳунари мисгарӣ воқиф будам, хостам ба ихтисоси ҳунари заргарии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дохил шавам. Ҳамин тавр аз рӯйи ин ихтисос таҳсил карда, заргариро ҳам омӯхтам,"- мегӯяд қаҳрамони мо.

Раҳимҷон Мансуров тӯли як сол ҳунари заргариро омӯхта, баъдан ба ҳунари наққошӣ шавқ пайдо мекунад ва ба хулосае меояд, ки таҳсилашро дар ин ихтисос идома диҳад.

"Дар раванди таҳсил ба  наққошӣ таваҷҷӯҳи зиёд пайдо кардам, ҳамзамон барои васеъ кардани ҳунари мисгарӣ бароям донистани наққошӣ хеле муҳим буд, зеро ман хостам дар рӯйи мис кандакорӣ кунам. Кандакорӣ дар мис яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик аст, ки дар гузашта  шуҳрати ҷаҳонӣ дошт. Имрӯзҳо кандакорӣ дар мис қариб,ки аз байн рафтааст. Ҳунармандон пештар дар рӯйи лаганд, табақ, офтоба, кӯза, шамъдону қаламдон, карнаю сурнайҳои мисӣ кандакорӣ мекарданд. Ман мехоҳам ин ҳунарро аз нав рӯшд диҳам,"- гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Раҳимҷон барои хубтар омӯхтани кандакорӣ дар рӯйи мис як моҳ дар Самарқанд назди устои мисгар ба шогирдӣ истода, тамоми нозукиҳои ин ҳунарро аз худ кардааст. Ӯ мегӯяд, кандакорӣ дар мис кори душвор бошад, ҳам хеле шавқовар аст.

"Кандакорӣ дар мис кори ниҳоят заҳматталаб аст. Он аз ҳунарманд сабру таҳаммул ва меҳнати зиёд талаб мекунад, чунки кандакорӣ дар мис кори дастӣ аст. Барои дар мис кандакорӣ кардан аввал дар рӯйи варақ нақшро тасвир мекунем, баъдан рӯйи мис бо мум гарм карда мечаспонем. Пас аз ин нақшро бо исканаҳои махсус меканем,"-шарҳ медиҳад Раҳимҷон Мансуров.

Раҳимҷон дар рӯи маснуоти мисӣ нақшҳои қадимаи миллӣ, паррандаҳо ва гулҳои зеборо кандакорӣ мекунад. Бисёртар кандакорӣ дар рӯий табақ ва лаълиҳо карда мешавад. 

Қаҳрамони мо ба хубӣ аз ӯҳдаи мисгарӣ, наққошӣ, кандакорӣ дар мис ва заргарӣ мебарояд. Айни ҳол ӯ дар курси дуввуми риштаи наққошии  Коллеҷи  ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ таҳсил дорад. Мавсуф то имрӯз дар чандин озмун ва намоишу фестивалҳо ширкат варзидааст.

Соле қабл барои рушди ҳунари заргарӣ ӯ аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан Адҳам  Маъмурзода бо 5000 сомон мукофотпулӣ  қадрдонӣ шуда буд.

Раҳимҷон мехоҳад ҳунари мисгариро дар Истаравшан боз ҳам бештар  рушд диҳад ва маснуоти қадимаи мисгариро аз нав эҳё намояд. Аз ин хотир ӯ ба омӯхтани ҳунари наққошӣ камари ҳиммат бастааст. Аллакай дастранҷи ин ҳунарманди ҷавон таваҷҷӯҳи харидорони зиёдро ҷалб карда, муштариёни худро дорад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД