Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон сокинонро аз номусоид омадани обу ҳаво хабар додааст.
Мувофиқи пешгӯии ин ниҳод, рӯзҳои 15-17 апрели соли ҷорӣ бо сабабаи зиёд боридани борон дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда сатҳи об баланд мешавад.
Дар минтақаҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел дар назар аст.
Санаи 15 апрел дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, аз ҷумла Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Фархор, Румӣ, Вахш ва шаҳри Бохтар бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ чангбоди аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба кишвар ворид мегардад.
Дар ин вазъият аз сокинону меҳмонони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ба сафарҳои дурудароз, ба пиёдагардӣ дар куҳу теппаҳо ва чарондани чорвои хонагӣ дар саҳро даст кашанд.