Субҳи имрӯз табъи ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Мавлона Наҷмиддинова ба хотири рафтори хунукназарона ва бемасъулиятии шаҳрвандон хело хира гашт. Ӯ дар сафиҳаи фейсбукаш навореро пахш намуд, ки дар он сӯзонда шудани партов дар ҳавлии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 92 - и ноҳияи Синои пойтахт сабт шудааст.
“Аз баъзе шаҳрвандони мӯҳтарам илтимос менамоям, то ки дар шаҳр зиндагӣ карданро ёд бигиранд” - шарҳ додааст ҳунарпеша.
Бо наздик омадани фасли тирамоҳ барги дарахтон дар ҳолати хазоншавӣ қарор дошта, кӯчаю хиёбон ва боғу ҳавлиҳо пури барг мешаванд. Ба ҷойи он ки партови пури барг ва ахлотро ба борхалтаҳо андохта, ба партовгоҳ баранд, барои осонтар шудани кори худ дар рӯйи ҳавлӣ онро оташ мезананд. Ин тоифа шаҳрвандон бехабар аз онанд, ки ҳангоме маводи ифлоскунанда дар шакли дуд ба ҳаво интиқол меёбад, зарари он ба муҳити зист дучанд мегардад, чунки дуди баргу растанӣ дар таркиби худ оксиди азот, карбон, гази ғуборолуд ва инчунин, васлшавии фулузи вазнин доранд.
Дуди барг зуд муҳити атрофро ғализ намуда, ҳатто ба воситаи тиреза ва дарҳои пӯшида вориди хонаҳо гардад. Дар натиҷа ҳавои дохили хона вазнин шуда, дуд одамро гулӯгир мекунад ва инсон нафастанг мешавад.
“Эҳ, Худо ин мардуми мо кай маданияти зистан дар шаҳрро ёд мегирифта бошанд!? Имрӯз мактаби рақами 92 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гирду атрофи мактабро тоза карда, ҳамаи ахлотпораҳоро ин ҷо оварда, ҷамъ карда, оташ заданд. Онҳо фикр намекунанд, ки ин ҷо мардум зиндагӣ мекунанд. Эҳ садқаи номи шаҳрвандӣ кунад шумоя”, - гуфт Мавлона дар хитоб ба шаҳрвандон.
Пас аз расидани видео ба идораи сомонаи “Оила”, журналист Наврӯзмоҳ Вазирбекова ҳамроҳ бо Бадалов Афзалшоҳ Абдулқодирович - мутахассиси пешбари Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва Шарипов Акбар Латипович - сардори Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Сино ба Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами №92 ташриф оварда, тасмим гирифтанд сабаби чунин рафтор намудани масъулонро пурсон шаванд.
Мутаассифона, бо сабаби иштирок дар маҷлиси Ҳукумати шаҳри Душанбе Солеҳова З. Ҳ. натавонист бо мо вохӯрад. Аз ин лиҳоз, мудири хоҷагии Мактаби рақами №92 М. Умаровро муттасадӣ намуд. Он кас дар баёноташ тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат дар таърихи рӯзи 7 августи соли 2020 алафҳои бегонаи замини наздиҳавлигии мактаб аз ҷониби омӯзгорони муассисаи мазкур тоза карда шуда, дар натиҷа алафҳо оташ зада шудаанд.
Ба қавли Умаров, роҳбарият пеш аз тоза кардани гирду атроф шаш муовини директорро ба қисматҳои гуногуни ҳавлии мактаб масъул таъин намуд. “Дар вақти даргирондани партовҳои иборат аз баргу алафҳои бегона, бо кори мактаб ба КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” рафта будам ва намедонам, ки дар ин кор кӣ даст дорад. Ман чандин маротиба аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷарима шудаам ва аллакай ҷиддияти корро медонам. То омадани шумо, аз ин кор ҳатто бехабар будам”,-шарҳ дод Умаров.
Бо сабаби он ки касе ҷавобгарии сӯзондани партовро ба гардан нагирифт, масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе рӯзи душанбе такроран ба Муассисаи таълимии рақами 92 рафта, дар ҳузури роҳбарияти мактаб ва муовинҳояш гунаҳкорро муайян мекунанд ва тибқи қонунгузории кишвар нисбаташ чора мебинанд.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе натиҷаи корро ба хабарнигори сомонаи “Оила” Наврӯзмоҳ Вазирбекова дар таърихи 10 - уми августи соли 2020 шарҳ хоҳад дод. Он дар наздиктарин фурсат пешиҳоди хонандагон мегардад.