Arzon march 2024
Ҷавобгарии чанд нафар барои боло бурдани нархи гӯшт
488

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади пешгирии худсарона боло бурдани нархи маҳсулоти хурокворӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт рейду амалиётҳои санҷишӣ гузаронида шуда истодааст.

Махсусан, болоравии нархи гӯшт дар бозорҳо ва марказҳои савдо ба мушоҳида мерсад. Аз ҷумла, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки шаҳрвандон Ҷалилов Абдуғаффор, Келдияров Бобоҷон, Исмоилов Исомиддин, Каримов Аҳад ва Раҳимзода Азиз, ки дар маркази савдои «Баҳор», «Садбарг» ва хиёбони Рӯдакӣ дӯкони гӯшт доранд, худсарона нархро боло бурдаанд. Нархномаи гӯшт дар дӯкони онҳо 75 сомонӣ навишта шудааст, вале ба шаҳрвандон як килограмм гӯштро аз 95 то 100 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон бо моддаи 555 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беасос баланд бардоштани нарх протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Баргузории чунин амалиётҳои санҷишӣ минбаъд низ идома дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД