Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар Саидмурод Мардонов имрӯз, 23-юми май дар 85-солагӣ дунёро падруд гуфт. Дар ин бора аз Театри Оина хабар доданд.
Манбаъ гуфт, Саидмурод Мардонов пеш аз нисфирӯзии имрӯз дар хонааш дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Сабаби марги ӯ маълум нест.
Ҷасади марҳумро ба зодгоҳаш, деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор интиқол дода, соати 18:00 ҷаноза карда, дар канори падару модараш ба хок месупоранд.