Formula novemver 2024
Ҷавҳари Саидназар: Писарони Саттор Турсунро аз зани якумаш мисли фарзандони худам дӯст медорам
1213

Ҷавҳари Саидназар - шоира, журналист ва муаллима. Зодаи ноҳияи хушманзари Панҷ асту хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони журналистони Тоҷикистон, Аълочии маориф ва матбуот. Аксарият ӯро ҳамчун ҳамсари нависандаи маъруф Саттор Турсун мешиносанд. Бо ин бонуи ҷасуру қавиирода дар мавриди рӯзгор, фаъолият ва талошҳояш сӯҳбате доштем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

- Муаллимаи гиромӣ! Истеъдоди шоирӣ доштани худро чӣ гуна дарк намудед ва аввалин шеърҳоятон кай эҷод шуданд?

- Шеър навиштанам шояд ирсӣ бошад, хоҳари бобои модариям бо исми Ҷавҳар солҳои 30-юми асри гузашта дар кӯҳистони Вахё шеър мегуфтаст. Бори аввал навиштаҳоям дар рӯзномаи ноҳиявии "Ҳаёти нав" ҳангоми дар синфи 8 хонаданам нашр шуда буд. Аслан шеърҳоямро ба касе нишон намедодам, боре тасодуфан дафтари нигоштаҳоям ба дасти Амирбек Сиддиқов -муҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ афтид, ки рафиқи падарам буданд ва он рӯи чопро дид.

- Феълан нафарони зиёде ба шеърҳои шумо таваҷҷуҳи беандоза доранд. Бо сарояндагон ҳамкорӣ мекунед?

- Сарам ба осмон мерасад, ки навиштаҳоям хонандаи зиёд доранд. Дар ин замон, ки шеъру шоир ба қавле аз "муд" рафтааст, доштани ҳаводорони зиёд боиси хушбахтист. Ҳеҷ гоҳ кӯшиши бо "ситора"-ҳои навбаромад ҳамкорӣ карданро накардааму намекунам. Ман принсипҳои худро дорам, ки ҳеҷ гоҳ ба хотири пул онро намешиканам. Вале намегӯям, ки ҳаққи навиштани таронаамро нагирифтаам, бо фармоиш ҳам тарона навиштаам. Ифтихор мекунам, ки ҳунармандони асили кишвар аз қабили Ҷовидон Нозимов, Хосияти Зарафшонӣ, Нигина Амонқулова, Ибодат Раҷабова, Эркин Одинаев, Зиёвиддин Нурзод шеърҳои маро сароидаанд.

- Чанд маҷмӯаи шеърӣ доред?

- “Тасалло”, “Паридарё”, “Нигоҳи сабз”, “Нома ба офтоб” ба нашр расидаанд.

- Аз ашъоратон оҳанги ҳаҷру дард ва ҷудоӣ баръало эҳсос мегардад. Айни замон шоираи маҳбуби мо чӣ ҳолу ҳавое доранд?

- Ман устод, ҳамсар, дӯст, нависандаи дӯстдошта ва такягоҳамро аз даст додам. Хеле душвор аст. Шеърҳои ман ду фасл доранд, то Саттор ва баъди ӯ, инро чанд нафар низ ба ман гуфт. Зиндагӣ идома дорад, зина ба зина рисолати бар дӯш доштаамро назди рӯҳи ин шахсияти бузург иҷро карда истодаам.

- Ашъоре доред, ки алҳол ба дасти хонанда нарасида бошад?

- Ҳама шеърҳои навамро дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мегузорам. Муаррифии ҳар навиштаи навам дар саҳифаи фейсбукиям баргузор шуда, баъдан китоб мешавад.

- Шумо бештар ҳамчун Лолаи Саидакбар машҳур ҳастед, чаро ин тахаллусро интихоб кардед?

- Лолаи Саидакбар имзои мустаори журналистии ман аст, ки бароям шодравон ҳамсарам интихоб карда буданд. Лола номи духтар ва Саидакбар номи писарам аст.

- Агар дар варақе Ҷавҳар бинависанд ва баъди он се нуқта (...) гузоранд, шумо онро чӣ гуна идома медиҳед?

- Ҷавҳар... Зане, ки хиёнату номардиву ноодамии инсонҳо ӯро дигар ба ҳайрат намеоранд. Зани муборизе, ки баъди ҳар шикастан бо неруи дигар бармехезад.

- Дар зиндагӣ аз чӣ норозиед?

- Аз зиндагӣ бо ҳама ширину талхияш розӣ ҳастам. Ман ҳамсари марди машҳуре ҳастам, ки ҷавонмардияш байни мардум овоза аст. Духтари оқилаву ҳунарманди порсо дорам, писарам пушту паноҳам, набераҳои нозанин дорам. Ман писарони шавҳарамро аз никоҳи аввалааш мисли писари худам дӯст медорам, хусусан Роминҷон такягоҳ, ёвар ва мададгори ман аст. Бо ҳамсарашон Фарангисбону мисли апаву хоҳар ҳастем. Набераҳои ширине дорам баҳои дунё, шукронаи Худованди бузург. Домоду келини меҳрубону дӯстдоштанӣ дорам.

- Дар як вақт шоира, журналист ва муаллима будан душвор нест?

- Ба ман борҳо таклифи иваз намудани ҷойи кор шуда буд, аммо ҳамсарам мегуфт, ки муаллимӣ бошарафтарин пеша аст. Касбамро зиёд дӯст медорам, омӯзгорӣ ишқи ман аст. Шеъргӯӣ шуғл ва журналистӣ дард аст. Ман ҳеҷ гоҳ худро журналист нагуфтаам, танҳо масоили доғи рӯзро чун як шаҳрванди ин Ватани нозанин менависам.

- Иродаи шуморо чӣ қавӣ мегардонад то бо мушкилиҳо мубориза баред?

- Нангу номус ва ғурури зотиям ба ман неру мебахшанд.

Мусоҳиб: Сумани УБАЙДУЛЛО

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД