Бархе бар он назаранд, ки тез-тез шустану шона кардани мӯйи сар боиси рехтани мӯй мешавад.
Дар асл зуд-зуд сар шустан зарар надорад, агар шумо бо сари тар дар кӯча гашта, худро ба ягон бемории илтиҳобӣ гирифтор насозед. Дар мавриди шонакунии мӯйи сар бошад, ҳаминро гуфтан зарур аст, ки ин амал баръакс фоида дорад. Шонакунӣ як навъ маҳси сар ба ҳисоб рафта, ҷараёни мубодилаи моддаҳоро дар пӯсти сар метезонад ва боиси афзоиши мӯйҳо мегардад.
Сабаби асосии рехтани мӯй дар дегидостерон аст, вале бемӯии авлодӣ низ мешавад. Бобою бобокалон ва падару амакҳоятон кал бошанд, хоҳед-нахоҳед, шумо ва фарзандони ояндаатон низ бо ин мушкил рӯ ба рӯ хоҳед гашт. Дар авлодатон касе аз рехтани мӯй ва калшавӣ азият накашида бошад, дар ин сурат сабаби рехтани мӯйи сари шумо тарзи нодурусти ҳаёт аст. Омилҳои асосие, ки боиси калшавӣ мегарданд, инҳоянд:
1. Ғизои нодуруст-норасоии сафеда, оҳан ва витаминҳо.
2. Хоби нокифоя-машқҳои вазнини ҷисмонӣ, одатҳои манфӣ.
3. Шамолкашӣ (табларза ва истеъмоли дорувориҳои зиддиилтиҳобӣ)
4. Фишори руҳӣ-асабоният боиси халалёбии гардиши хун дар решаи мӯйҳо ва ҷудошавии ҳормони картизол мешавад, ки боиси рехтани мӯй мегардад.
5. Нигоҳубини нодурусти мӯй- ба ҷои шампун истифода бурдани собун ва қабл аз хоб тоза накардани воситаҳои ороишӣ аз мӯй.
6. Себорея ва дерматити себорея- сабӯсак.
7. Таъсири нурҳои сӯзони офтоб ва оби баҳр.
Зебоӣ пул мехоҳад!
Имрӯз дар кишварҳои пешрафта ба мардони бемӯе, ки мехоҳанд мӯйи сарашонро аз нав барқарор намуда, зебою дилкаш шаванд, табибон амалиёти махсусро пешкаш менамоянд. Дар рафти ин амалиёт аз ягон мавзеи мӯйдори пӯсти сар ба мавзеи бе мӯй мӯйҳо бо решаашон тора-тора кӯчонда мешаванд. Мутаассифона, ин амалиёт на ба ҳар кас дастрас аст. Ба ҳисоби миёна чунин ҷарроҳӣ наздики 100 ҳазор рубли русӣ арзиш дорад. Ана ҳамин тавр, зебоӣ ҳам қурбонӣ-пул металабад!
Қаҳва нӯшӣ, сермӯй мешавӣ?
Ақидае роиҷ аст, ки ошиқони қаҳва сермӯй мешаванд. Дар ҳақиқат косметологҳо дар таркиби баъзе намудҳои шампун қаҳваро истифода мебаранд, то ки решаҳои мӯйро мустаҳкам намояд. Кофеин таъсири манфии ҳормонҳоро кам карда, мӯйро аз решааш ғизо мебахшад, афзоиш медиҳад ва зебою пурҷило месозад, вале ин маънои онро надорад, ки агар ҳар рӯз як-ду истакон қаҳва нӯшед, сари кали шумо худ аз худ мӯй мебарорад. Барои ҷисмро бо миқдори кофии кофеин таъмин намудан ҳар рӯз камаш 50 пиёла қаҳва нӯшидан лозим аст, вале ин миқдор кофеин ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонад. Гуфтагӣ барин, бо умеди зебо шудан ҳаргиз қаҳваро ба мӯйи саратон намолед. Кафки қаҳваро ба решаи мӯй молидан боиси сурхшавӣ ва осеб дидани пӯсти сар мегардад.