arzon replenishment
Қатли донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ аз ҷониби дӯстписараш
1128

 

Як сокини 24-солаи шаҳри Истаравшан дӯстдухтарашро, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мехонд, ба қатл расонд. Дар ин бора РВКД-и пойтахт хабар дод.

Ба иттилоии манбаъ, рӯзи 19-уми март, соати 14:30 Шаҳзод Назирзода дар назди гузаргоҳи роҳи оҳани кӯчаи Н. Ҳувайдуллоев дӯстдухтараш Шаҳноза Қодирова, сокини ноҳияи Ҷ. Расуловро бо корд ба қатл расонид.

Худи ӯ нақл кард, ки пешакӣ аз бозори “Сафариён” корд харида, ба пеши Шаҳноза омад. Вақте духтар омаду онҳо боз муноқиша карданд, ҷавон бо корд ба бадани Шаҳноза 7 зарба задааст.

Шаҳзод Назирзода дар гузориши мазкур ба таври муфассал нақл кард, ки чӣ гуна ба бадани духтари дӯстдоштааш зарба мезаду духтар ба хотири наҷоти ҷонаш кӯшиши гурехтанро дошт.

Бино ба нақли ӯ, лаҳзаи кордзаниро як зану чанд ҷавон дидаанд ва вақте ки онҳо фарёд бардоштанд, ин сокини Истаравшан аз ҷойи ҳодиса фирор кард.

Нисбати дастгиршуда дар Прокуратураи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тибқи моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, ҳоло ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД