Аз 29-уми май то 20-уми август ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз хиёбони Бобоҷон Ғафуров то хиёбони Абӯалӣ Сино муваққатан қатъ мегардад.
Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки қатъ гардидани ҳаракати нақлиёт дар ин кӯчаҳо бо мақсади анҷом додани корҳои таъмир дар кӯчаи Шамсӣ дар назар дошта шудааст.
Бинобар ин, самти ҳаракати нақлиёти автомобилӣ ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян мегардад.