Sebiston new 2024 october
Қатъи лимити барқ дар “Рӯзи Модар”
672

 

Дар баъзе шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар шабонарӯзӣ охир сокинон ба қувваи барқи доимӣ таъмин шуданд.

Сокинон гуфтаанд, ки аз дирӯз инҷониб дар манзили истиқоматиашон таъминоти қувваи барқ доимӣ гаштааст. Сӯҳроб як сокини деҳаи Обиборики ноҳияи Деваштич ба Спутник гуфтааст, ки қариб як моҳ буд, ки лимити барқ давом дошт ва дар як шабонарӯз ду вақт рӯзона аз соати 8 то 17 ва шабона аз 21 то 5 – и субҳ қувваи барқ қатъ мешуд.

Як масъули ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқӣ” дар шаҳри Истаравшан ин ҳолатро тасдиқ карда гуфт, ки бахшида ба рӯзи иди модарон лимити бақр лағв карда шудааст.

 

“Дар рӯзи иди бонувон лимити барқ дар ҳамаи шаҳру ношияҳо пурра лағв карда шудааст. Вале маълум нест, ки барои рӯзҳои дигар таъмини барқӣ доими ба мардум дастрас гардад” – гуфт ӯ

Ёдовар мешавем, ки аз оғози фасли тирамоҳи соли гузашта мардум аз ҷори шудани лимити барқ шикоят доштанд вале мақомот инро рад мекард.

Охиран моҳи январи имсол ширкати "Барқи тоҷик" дар сомонаи худ иттилоияе нашр кард, ки он ҷори шудани лимитӣ барқ дар ҷумҳуриро ба таври расми тасдиқ карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД