Arzon march 2024
Қатъ кардани нафаси сунъии бемори дар “кома” буда гуноҳ аст?
1632


Амакам дар як садама ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҳолати кома қарор гирифтанд. Фарзанд надоранд ва мо нигоҳубинашон мекардем. Духтурон ба ман гуфтанд, ки дигар аз бемор умед нест. Ҳуҷайраҳои нафаскашии мағзи сари бемор аз кор мондаанд. Ягон табобат барои ин ҳолат нест ва ӯ аз тариқи дастгоҳ нафас мекашад. Аз ман розигӣ пурсиданд, ки дастгоҳро қатъ кунанд. Ман розӣ шудам, вале виҷдонам азиятам медиҳад. Шариати Ислом ба ин чӣ назар дорад?

Зуҳур, ш. Турсунзода.

Посухи домулло ҷамолиддин Хомӯшӣ

Маргу зиндагӣ дар дасти Худованд аст. Вале агар ҳолат он гуна бошад, ки дар савол баён шуд, пас монеъе нест, ки дастгоҳи нафасдиҳӣ аз ӯ қатъ карда шавад, ба шарте ки ду табиб ё бештар ба хулоса оянд, ки ӯ дар ҳукми мурда аст. Пас аз аз қатъ намудани дастгоҳ бояд чанд муддат интизор шуд, то марги ӯ исбот гардад. Агар хешованди шуморо низ табибон ҳукм карда бошанд, ки мефавтад ва шумо розӣ шуда бошед, боке надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД