Ман Шабнам, 19- сола. Ба имдодам бирасед, вагарна худамро оташ мезанам. Чаро гуфта шояд ҳайрон шавед. Ҷасур ном ҷавоне доим аз пасам мисли соя мегашт. Ба қавлу қасамаш бовар карда, ишқашро пазируфтам.
Шунида будам, ки Ҷасур як духтарбози ашаддист, вале меҳрубониҳояш обу адоям карданд. Рӯзе ҳамроҳи дугонаҳоям ба тамошо баромадему дар хараки назди боғи Сомонӣ Ҷасурро бо духтари дигар дидам. Дасту пойҳоям суст шуданд. Гирён аз наздаш гузашта ба хона омадам. Ҷасур шояд аз рафтори номардонааш шармида пас аз ин ҳодиса дигар ба ман занг назад. Дигар зистан намехоҳам.
Аз найранги дунё сер шудаам, мехоҳам худамро оташ занаму дигар ин олами бевафоёнро набинам. Ҳоҳиш мекунам, дугонаҳои азиз ба ман маслиҳат диҳед!