goodwell
Астрофизики маъруфе, ки ҷаҳон мешиносад
117

Академик Пӯлод Бобоҷонов маъруфтарин астрофизики тоҷик буда, тамоми умри пурбаракати худро баҳри рушди илми астрономияву астрофизика бахшидааст. Ин олими барҷаста яке аз асосгузорони самти физика ва динамикаи ҷирмҳои хурдӣ системаи Офтобӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ӯ соҳиби мактаби машҳури илмии эътирофшуда дар ҷаҳон доир ба назарияи ташаккул ва таҳаввули тӯдаҳои метеороидӣ мебошад.

Олими барҷастаи тоҷик Пӯлод Бобоҷонов 15-уми октябри соли 1930 дар оилаи зиёии шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Ӯ аз хурдӣ ташнаи илму дониш буду аз ҳамон вақт ба олами беканори кайҳон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Диққати ӯро бештар ситораҳои паррону дурахши онҳо ба худ ҷалб мекард. Волидонаш ҳам доир ба олами ситораҳо нақлу ривоятҳои аҷиб мекарданд. Соли 1934 падараш вафот карду рӯзҳои вазнини зиндагии Пӯлод Бобоҷонов оғоз ёфт.

Худи ӯ дар ин бора зимни мусоҳибааш бо журналист Одил Нозир ёд оварда, чунин гуфтааст: "Баъди фавти падар саробонии оила ба дӯши бародарам, ки аз ман калонтар буд, афтод. Бо вуҷуди он ӯ дар мактаб аъло мехонд. Солҳои вазнин буд замони тифлии мо. Модарам аз пораҳои либосҳои фарсудаву корношоям тоқӣ дӯхта, бо нархи арзон ба мизоҷон мефурӯхт. Инчунин, субҳи барвақт ба мағоза рафта, дергоҳ навбат мепоид, то пораи ноне ба хона орад. Он солҳо ба оилаи мо дар як рӯз 300 грамм нон медоданд. Дар мамлакат гуруснагӣ буд. Одамон соатҳо дар мағоза навбат мепоиданд. Бо талқини бародарам ман ҳам ба мактаб рафтам ва дар синф аълохон шудам".

Дере нагузашта ҷанг сар мешаваду мардҳоро ба он сафарбар мекунанд. Он замон дар мактабҳо омӯзгор намерасиду давлат баҳри рафъи ин мушкил наврасони аълохонро ба таҳсил дар Омӯзишгоҳи педагогӣ фаро мегирад. Пӯлод Бобоҷонов ҳам, ки аълохон буд таҳсил менамояду аз ҳамон вақт зиндагии онҳо рӯ ба беҳбудӣ меорад. Вале соли 1947 тақдир Пӯлод Бобоҷоновро аз модар ҳам ҷудо месозад.

Ҳамин тавр бо гузашти вақт давлати Шуравӣ хизматҳои падарашро ба инобат гирифта, ба Пӯлод ва бародараш нафақа таъин мекунад. Падари Пӯлод Бобоҷонов то инқилоб мирзо ва дар замони шӯравӣ бошад, муддате муаллим сипас, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшан шуда фаъолият намудааст.

Пӯлод Бобоҷонов баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ таҳсилашро дар ихтисоси физика-математикаи Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б. Ғ. Ғафуров) идома медиҳад. Чун илму дониши зиёд, ки дошт дар ин боргоҳи маърифат ба гирифтани идрорпулии Киров ва Сталин мушарраф мегардад.

Мавсуф пас аз хатми донишгоҳ як сол фаъолият мекунаду сипас ба аспирантураи филиали Академияи илмҳои ИҶШС дохил мешавад. Аз академия тавсия медиҳанд, ки ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсилашро идома диҳад. Ӯ соли сеюми аспирантӣ рисолаи номзадиашро   дар Маскав ҳимоя мекунад. Баъдан фаъолияти илмиашро дар Институти астрофизикаи АИ ҶТ оғоз менамояд. Дар онҷо солҳои 1954-1958 ҳамчун ходими калони илмии расадхонаи ситорашиносӣ ва мудири шуъбаи астрономияи шиҳобӣ кор кардааст.

Олими номвари тоҷик Пӯлод Бобоҷонов дар вазифаҳои директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ (1959-1971), ректори УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ, 1971-1984), ноиби президенти АИ ҶТ (1984-1993), директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ (1992-2002) фаъолият намудааст. Ҳамзамон, соли 1985 президенти Комиссия оид ба омӯзиши метеорҳо дар Анҷумани Маҷмаи кулли Иттиҳодияи байналмилалии астрономҳо интихоб шуда се сол дар ин вазифа кор мекунад.

Ин астрофизики маъруф ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шуравӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дошт. Аз ҳамон вақт ба узвияти Шурои астрономии Академияи илмҳои ИҶШС, Русия, Ассосиатсияи байналмилалии геомагнитизм ва аэрономия, Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ, Ҷамъияти байналхалқии астрономии шоҳии Британияи Кабир, Кумитаи байналхалқии таҳқиқоти Кайҳон ва ба чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудааст.

Пӯлод Бобоҷонов ҳамзамон, узви таҳририяи як қатор маҷаллаҳои байналмилалӣ оид ба омўзиши кайҳон буд. Маҷаллаҳо мақолаҳои дигар олимони ҷаҳонро барои иҷозати чоп ба Пӯлод Бобоҷонов мефиристоданд. Мақолаҳо аз зери назари устод гузашта баъдан нашр мешуд. Бояд гуфт, ки   осори илмии ин шахсияти маъруф дар якчанд кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд.

Тадқиқотҳои илмии Пӯлод Бобоҷонов дар соҳаи астрофизика асосан ба физика ва динамикаи шиҳобҳо, тақсим шудани моддаҳои шиҳобӣ, муайян кардани мадор, табиати физикии моддаи шиҳобӣ дар фазои байнисайёравӣ бахшида шудааст. Мавсуф мадори зиёда аз 400 шиҳоб ва 20 сели нави шиҳобиро кашф кардааст.

Натиҷаҳои муҳимтарини илмии Пӯлод Бобоҷонов дар 5 монография ва зиёда аз 500 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавияш чоп гардидаанд. Ҳамзамон дар зиёда аз 200 ҳамоиши илмӣ дар сатҳи Тоҷикистон ва ҷаҳон бо маърӯзаҳои илмӣ иштирок намудааст.

Пӯлод Бобоҷонов соҳиби мактаби илмӣ буда, таҳти бевоситаи роҳбарии ӯ 5 олими Институти астрофизикаи АМИТ рисолаи докторӣ ва 10 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Бояд гуфт, ки аксари дастовардҳои ҷаҳонии илми нуҷуми Тоҷикистон ба номи ӯ рабт дода мешавад.

Солҳои 1968-1970 Пӯлод Бобоҷонов бо пешниҳоди Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун роҳбари экспедитсияи оид ба омўхтани кайҳон ба давлати Сомалӣ сафар мекунад. Он ҷо бо роҳбарияш ҷойивазкунии изҳои шиҳобӣ дар экватор чен карда мешаванд. Ҳамин тавр бо пешниҳод ва роҳбарии ин олими забардасти тоҷик пойгоҳ – стансияи омўзиши кайҳон ба востиаи мушоҳидаҳои фотографии радифҳои маснуи Замин созмон дода мешавад. Ҳамин тавр чунин пойгоҳ соли 1961 бо роҳбарии ӯ дар шаҳри Ҳисор сохта шуд. Баъдан дигар расадхонаҳо дар Данғараву Бадахшон сохта шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки номи Пўлод Бобоҷонов дар аксар энсиклопедияҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла Энсиклопедияи Русия ва энсиклопедияҳои давлатҳои узви ИДМ дидан мумкин аст.

Соли 1998 барои саҳми арзанда гузоштан дар илми нуҷум бо қарори Иттифоқи байналмиллалии астрономӣ сайёраи хурдӣ № 7164 ба номи астрофизики машҳури тоҷик "Бобоҷонов" номгузорӣ шудааст. Ин сайёраро 6-уми марти соли 1984 астрономи амрикоӣ Эдвард (Тед) Боуэлл дар бунгоҳи мушоҳидавии Андерсон Мессаи расадхонаи Лоуэлл (Аризона, ИМА) кашф кардааст. Номгузорӣ шудани яке аз сайёраҳои само ба номи олими тоҷик далели эътироф гардидани дастовардҳои илмии Пӯлод Бобоҷоновро дар арсаи ҷаҳонӣ тасдиқ менамояд.

Натиҷаҳои назаррасу барҷастаи ин шахсияти маъруф бо Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1977), Ҷоизаи ба номи С. У. Умарови АМИТ (2003), Ҷоизаи Фонди байнадавлатии ҳамкории гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "Ситораи Иттиҳод" (2009) қадрдонӣ шудааст. Инчунин бо ордени "Байрақи Сурхи Меҳнат", ду ордени "Нишони Фахрӣ", медалҳои ба номи С.И.Вавилов, "Ветерани меҳнат", ду ифтихорномаи Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Аълочии маорифи халқ" ва ғайра сазовор дониста шудааст.

Заҳматҳо ва таҷрибаву тадқиқотҳои зиёди илмии Пӯлод Бобоҷоновро ба инобат гирифта соли 1994 бо унвони фахрии "Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардонида шудааст.

Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Пӯлод Бобоҷонов 10-уми феврали соли 2023 аз олам чашм пӯшид. Ӯ дар давоми умри пурбаракаташ баҳри рушди илми нуҷум Тоҷикистон ва ҷаҳон саҳми арзанда гузошта, тавонист обрӯву нуфузи давлати азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД