Истаравшан аз қадимулайём макони ҳунару ҳунармандӣ буда, имрӯз низ дар ин шаҳри бостнӣ растаю дӯконҳои зиёди ҳунармандӣ мавҷуданд.
Дар "Растаи Оҳангарон" мардони ба дасти панҷа ва ҳунарманди истаравшанӣ аз тунука асбобҳои хеле қашанги рӯзгор месозанд, ки чашми кас аз тамошояшон сер намешавад. Қаҳрамони мо Илҳомҷон Абдуллоевро дар ин раста ҳамагон чун устои моҳиру гулдаст хуб мешиносанд ва ҳурмату эҳтиром мекунанд. Аслан ҳунарҳои мардумӣ аз пушт ба пӯшт гузашта аз авлод ба авлод мерос мемонанд, вале ба гуфти Илҳомҷон гузаштагони ӯ тоҷир буданду аслан ба ҳунару ҳунармандӣтаваҷҷӯҳ надоштанд, вале шавқу рафғабаташро ба омӯхтани ҳунар дида, ҳамаҷониба дастгириашкарданд, то аз сирру асрори ҳунари дӯстдоштааш баҳраманд гашта, як устои хубу моҳир шавад.
"Аслан авлоди мо бо тиҷорат машғуланд,лекин аз сабаби он ки дар замири ман нисбат ба омӯхтани ҳунар аз кӯдакӣ як шӯълаяке аланга мезад, ба ҳунармандӣ рӯй овардам. Падарам шавқу завқамро дида маро дар назди яке аз ҳунармандони машҳури Истаравшан усто Исмоил шогирд гузоштанд ҳамин тавр бо ёрии ин марди ҳунарманд ман сирру асрри ҳунари кор бо тунукаро ёд гирифта, усто шудам”-мегӯяд Илҳомҷон.
Қаҳрамони мо ҳамагӣ 27-сол дорад, вале аллакай ҳамчун устои номӣ машҳур гаштааст. Илҳомҷон аз тунука самовор, дастшӯй, хокандоз, обдаста, чойник, термос, мӯрӣ (дудкашаки танӯр) ковш (асбобе, ки ба он шакар ё дигар маҳсулотҳоро мегиранд) ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгор месозад "Дар гузашта, ки технология на он қадар рушд карда буд, устоҳо аз тунука барои пухтани нон, самбӯса ва шириниҳои гуногун тафдон (духовка) месохтанд. Имрӯзҳо, ки тафдонҳои замонавӣ баромадааст, ниёз ба сохтани тафдон нест"-мегӯяд ин ҷавони ҳунарманд.
Қаҳрамони мо ҳамчун усто дар сохтани самовор ҳамто надорад. Назар ба гуфти қаҳрамони мо, дар гузашта талаботи мардум нисбат ба самовор хеле зиёд буда, қариб ҳар хонадон барои худ самовор дошт, дар чойхонаҳо низ самоворҳои зиёде доимо дар ҷӯш буданд. Мардуми тоҷик чойи дар самовор ҷӯшидаро болаззаттарин чой ҳисоб мекарданд, аммо, имрӯзҳо аз сабаби зиёд гардидани навъҳои гуногуни чойчӯш талабот ба самовор камтар шудааст.
“Хубии самовор дар он аст, ки доимо оби гарм дар он ҳаст, вале акнун самоворҳои калонро фақат дар тӯю маъракаҳо истифода мебаранд. Ба самоворҳои ҳамҷмашн хурдтар ҳам то ҳол талабот ҳаст, вале ниҳоят кам"- мегӯяд ин марди гулдаст. Илҳомҷон Абдуллоев устои гулдаст буда, дар фасли зимистон низ бе кор намешинад, вай аз тунука печкаҳои гуногуни хушсхте месзад, ки бо сарфи начадон зиёди ангиштсанд хонар хеле гарммекунанд. Барои дастрас намудани маҳсули дасти ӯ аз шаҳру навоҳии гуногун харидорон меоянд.
“Ҷавонон барои омӯхтани ҳунар шавқи зиёд доранд. Ҳар яке мехоҳанд соҳиби ягон ҳунар гарданд. Ба ҳунари мо, ки доимо талабот ҳаст, аз ин рӯ ҷавонон бештар барои омӯхтани ҳаимн ҳунар рӯй овардаанд. Ман аллакай 10 шогирд дорам”-мегӯяд бо ифтихор Илҳомҷон Абдуллоев.
Мо ба корҳои минбаъдаи ин ҳунарманди ҷавони тоҷик барор мехоҳем.