“Московский комсомолец” аз пайдо шудани ҷасади ду марди муҳоҷир дар деҳаи Троитсаи ҳавзаи Вороновскоеи Новая Москва хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, муҳоҷирони фавтида зодаи Тоҷикистон буда, дар ин деҳа кор ва зиндагӣ мекардаанд.
Ҷасади муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро аз як вагон, ки ба қавли мардуми маҳаллӣ ҷойи хобашон будааст, дарёфт кардаанд, вале ҳанӯз маълум нест, ки онҳоро зӯран ба қатл расонидаанд, муҳоҷирон аз чизе заҳролуд шуда, ҷон ба ҷонофарин супурдаанд ё бо марги табии худ ин дунёро абадан падруд гуфтаанд.
Фавтидагон яке 48 ва дигарӣ 22 сол дошта, дар як ҳавлӣ дар деҳаи Троитса бо корҳои таъмиру тармим машғул буданд.
Ҳамасола садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои пайдо кардани ризқу рӯзии хеш ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Мутаассифона, бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар асари фалокатҳо дар ҷои кор ва дигар ҳодисаҳои нохуш муҳоҷирон гоҳо дар мулки ғурбат мефавтанд.