Sebiston new 2024 october
АСРОРИ МАРГИ БАРОДАРИ МАДИНАРО ФОШ КУНАМ Ё НЕ?
11.08.2020
Р. Азимӣ
8619

Мадина духтари деҳотӣ буд, ман бошам, духтари шаҳрӣ. Мо ҳарду дар як миз нишаста дарс мехондем. Чанд бор ба ман гуфт, ки мехоҳад мисли Сабринаи Назрӣ ва Софию Мадина Басаева дар интернет Instagram  худро кушояд, вале ман сарзанишаш намудам, ки ҳеҷ гоҳ ин корро накунад. 

Билохира бо кӯмаки ким-кадом ҷавон ба мақсадаш расид. Instagram ӯро чунон шавқманд кард, ки дигар парвои дарс надошт, кораш рӯзи дароз селфи кардану "stories" мондан буд. Бар зами ин бо бачаҳо тариқи смс чақ-чақ кардан буд. Дар вақти дарс ҳам чашмашро аз экрани телефон намеканд. Бародари аз ҳама хурдияш аксҳои Мадинаро дар Instagram дида ӯро санҷиданӣ мешавад ва бо номи дигар барояш паём мефиристад.

Духтаре беақл дар ҷавоб паёмаки ошиқона менависад. Бародараш ӯро бештар санҷиданӣ шуда ба вохӯрӣ даъват мекунад. Ҳамон рӯз Мадина аз лунҷам бӯсида аз ман шодиёна гирифт, ки бо ҷавоне дар боғи Рӯдакӣ вохӯрии ошиқона дорад. Бародараш барои санҷиш як дӯсташро ба ҷойи таъйиншуда мефиристад, то асуламали хоҳарашро бифаҳмад, ки дар ҳақиқат шаҳр ӯро вайрон кардааст ё на?! Ҳаминтавр барои махфиёна санҷидани ӯ ҷӯрааш Амонро ба мулоқот мефиристад ва аз дур онҳоро назорат мекунад. Ҷӯрааш Амон бо як нигоҳ ба хоҳари дӯсташ ошиқи зор гашта, азм мекунад, ки бо ягон роҳ дили духтарро ба даст меовардад ва ӯро аз они худ мекунад.  
Пас аз чанд лаҳзаи мулоқот Амон ба назди бародари Мадина омада мегӯяд, ки хоҳараш ӯро хуш накард ва дашном доду дигар ба ман нанавис гуфту рафт. Ғайр аз ин телефони бародари духтарро гирифта, ӯро аз саҳифааш тоза мекунад ва аз Instagram-и худ сӯҳбат карданро идома медиҳад.  

 Духтари содда бо ваъдаи хушку холии ҷавони фиребгар,ки арӯси очам мешавӣ мегуфт зуд дил бой дода, дар вохӯрии аввалин қимматарин ганҷи бебаҳояшро ба ӯ мебахшад.  Пас аз ин ҳодиса тақрибан ду моҳ гузашту Мадина дигар ба дарсҳо намеомадагӣ шуд. Ташвиш шуда ба хобгоҳ рафтам. Гуфт, ки вақтҳои охир худашро бисёр бад ҳис мекунад ва зуд - зуд қай мекунад . Дилам сӯхта ӯро назди духтур бурдам. Баъди муоина духтур гуфт, ки дугонаатон ҳомиладор аст. Аз ин рафтори бади дугонаам Мадина сахт асабонӣ шуда, ӯро дашном кардам ва ин чӣ кори кардаат буд гуфта сарзаниш намудам, аммо ӯ лаб газида буду шуди гапро қисса намуд. Маслиҳат додам, ки падари тифлашро аз моҷаро огоҳ намояд. Мадина бо чашмони гирён ба ошиқаш занг зад. Кори худоро бинед, ки гӯшакро ба ҷойи ҷӯрааш бародари Мадина мебардорад. 

Духтар овози бародарашро нашинохта зорию таваллокунон мегӯяд, ки ҳомиладор шудааст, фавран ба беморхона биёяду ягон илоҷ ёбад. Аз байн даҳ дақиқа нагузашта бародараш ба беморхона расид ва ману Мадинаро зӯран ба мошин шинонда ба иҷорахонааш бурд. Хоҳарашро мурданивор зада, баъд вай ба ман дарафтод ва талаб кард, ки аз кадом аблаҳ ҳомиладор шудани Мадинаро бигӯям. Ночор монда расмеро, ки Мадина ба ман нишон дода буд, ба ӯ нишон додам. Суратро дида ранги рӯяш мурда барин канд ва телефонашро гирифта аз дар баромад. Бо ҳамин вай дигар ба хона бар нагашт.

Се рӯз пас ҷасадашро аз дарёи Норак ёфтанд. Бечора бача тоқати шармандагии хоҳарашро накарда худашро ба дарё партофтааст. Ба ҷуз ман ва Мадина дигар касе сабаби худкушӣ кардани Ҳилолро намедонист. Дугонаам аз тарси он ки сирраш рӯйи об мебарояду волидонаш ӯро сабабгори марги писарашон дониста сарашро қоқоқоқ метарошанд бо пинҳонкориҳои дарозмуддат тифлакро ба дунё овард ва ба Амон дода, аз ӯ хоҳиш крад, ки фарзандашро парасторӣ намояд, то волидонаш бохабар нагарданд.  Амон аз тарси шарманда нагаштанд иҷора гирифту Мадинаро ба никоҳи худ даровард. Волидони Мадина аз ин сир то ба ҳол хабар надошта бошанд ҳам вале дугонаам зуд зуд ба аёдати онҳо рафта, барои гумони бад набурданашон худнамоӣ мекунад ва бо баҳони кори наву дарсҳояш боз дубора ба назди шавҳару фарзандаш бармегардад.  Аз ин ҳодиса се сол сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳол виҷдонам маро азоб медиҳад.

Мехоҳам асли воқеаро ба волидони Мадина бигӯям, вале боз андеша мекунам, ки агар сиррашро кушоям, ҳаёти дугонаамро месӯзам ва яқин аз паси бародараш худашро аз байн барад. Аз ҳамин сабаб ба «Оила» муоҷиат намудам, то хонандагони зиндагидидааш ба ман маслиҳат диҳанд. Асрори марги бародари Мадинаро фош кунам ё не?

Шамима, хонандаи «Оила»

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД