Самири 4-сола аз зарбаи сахт ва ногаҳонии паиндар ба замин афтида, хуни гарм аз сараш мисли фаввора ба сару рӯяш шоридан гирифт, вале падарандари золим ба ин ҳам қонеъ нагашта, гаштаву баргашта бо таёқ ба сари кӯдаки маъсум мезад.
Аз зарбаҳои сахту ҷонкоҳ кӯдаки дар хуну халаф оғӯшта аз ҳуш рафта бошад ҳам, дили Субҳоналӣ ба қавле тар нашуд. Ҳанӯз ҷон доштани кӯдакро пайхас карда, ин марди ваҳшӣ пояшро ба қафаси синаи писарчаи оғӯштаи хун монд ва бо тамоми қувват зер карда боз чанд бори дигар бо таёқи пурхун ба сару рӯяш зад....
Ин ҳодисаи ваҳшатангез дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон сар зада, як марди ҳайвонсират ба хотири қасос гирифтан аз занаш писарчаи ӯгаяшро, ки ҳамагӣ 4 сол доштааст, ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст.
Тавре ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ин рӯйдоди ваҳшатнок рӯзи 26-декабр дар ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Дӯстӣ сар зада, як марди 31-солаи сокини ин ноҳия барои интиқом гирифтан аз ҳамсараш фарзанди 4 -солаи занро, ки аз шавҳари якумаш будааст, таёқшап карда куштааст.
Пас аз содир намудаи ин ҷинояти ваҳшиёна Субҳоналӣ Эсанов худаш ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Дӯстӣ рафта, иқрор шудааст, ки дар заминаи муноқиша ва хусумат бо ҳамсараш, писари ноболиғи ӯгаяш Гадоев Самир, соли таваллудаш 2019-ро ба ҳалокат расонидааст.
Кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи ноҳия ба ҷойи ҳодиса ҳозир гашта, ҷасади дар хун оғӯштаи тифлаки чорсоларо, ки бо як бераҳмии махсус ба ҳалокат расонида шуда буд, пайдо кардаанд.
Субҳоналӣ Эсанов иқрор шудааст, ки баъди ҷангу ҷанҷол бо ҳамсараш тибқи нақшаи пешакӣ кашидааш бо баҳонаи ҷамъоварии ҳезум писари ӯгаяшро ба заминҳои хоҷагии деҳқонии Боғистон бурда, ба сари кӯдаки 4-сола бо чӯб чанд маротиба зада, бачаро беҳӯш кардааст.
Ин марди бадсиришт чун мебинад, ки Самири 4-сола ба хун оғӯшта бошад ҳам, ҳанӯз нафас мекашад, бо як бераҳмии махсус пойи худро дар қафаси синаи кӯдак гузошта бо тамоми кувват зер мекунад ва боз бо чӯби дар даст доштааш чанд маротиба ба сару рӯяш мезанад. Писарчаи 4-сола бар асари ин зарбаҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Куштори бераҳмонаи ин кӯдаки ноболиғ бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки имрӯз дар ҷомеаи мо шахсони ҳайвонсирате ҳастанд, ки барои онҳо инсон ҳеҷ қадру қимате надорад ва метавонанд барои дупула гап ҳатто кӯдакони бегуноҳро ба қатл расонанд, бинобар ин, фарзандони худро аз чунин бадтинатон эҳтиёт бояд кард.
Айни замон нисбати Эсанов Субҳоналӣ дар Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ бо қисми 2-и моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазияихунин идома дорад.