Ишқамро тасодуфан дар бозори «Корвон» дарёфтам. Ҳамон рӯз ба бозор либосхарӣ рафта будам. Фурӯшандаи чашму арбӯсиёҳе бо як нигоҳ ба дилам оташ афрӯхт. Ҷавон сахт писандам омада бошам ҳам, сир бой надода, оромона либосҳояшро аз назар гузарондан гирифтам.
Вақте ки либоси мувофиқро интихоб карда, ҳисобӣ намудам, фурӯшанда чолокона аз банди дастам дошт ва «ҷони ширин, ин рақамҳои ман аст, бегоҳ зангатро интизор мешавам, албатта телефон кун» гуфта, коғазчаеро ба дастам дода табассум намуд. Аз шарм лола барин суп-сурх шуда бошам ҳам, коғазчаро гирифтам ва чизе нагуфта аз наздаш рафтам. Ҳамон рӯз то бегоҳ симои зебои ҷавони савдогар ягон лаҳза аз пеши назарам дур намешуд ва худ ба худ моҷаро мекардам, ки занг занам ё не. Шаб тоқатам тоқ шуду беҷуръатона рақамҳояшро чидам, вале гӯширо зане бардошт.
Чизе нагуфта телефонро хомӯш кардам. Дертар худи савдогари ошноям, ки Фаррух ном дошт, занг зад. Ҳамон шаб то саҳар ҳардуямон суҳбат кардем. Намедонам ин чи сеҳру ҷоду буд, ки Фаррух маро дар як рӯз ошиқи зори худ гардонд. Ба назарам чунин менамуд, ки ин ҷавонро солҳои сол мешиносам. Бо ҳамин мо бо ҳамдигар аҳди ишқу ошиқӣ бастем. Фаррух ҷавони меҳрубону хушгуфтор буд ва ҳамеша мегуфт, ки албатта маро ба занӣ мегирад, вале баъдтар худ аз худ занг намезадагӣ шуда монд. Занг занам, гӯшакро намебардошт, СМС нависам, ҷавоб намегардонд. Самимона, ки дӯсташ медоштам, тобу тоқати дарди ҳиҷронро накарда, рӯзе худам ба бозор суроғаш рафтам. Дар ҷояш як зан нишаста буд. Пурсидам, ки Фаррух чаро наменамояд. Занак доду вой бардошта, қиёматро қоим кард. Одамони зиёде моро ҳалқа намуда, маро масхаракунон ин кинои бе пулро тамошо мекарданд.
-Тирмизак, ту ба Фаррух чӣ мешӣ, ки бачаи маро кофтанӣ омадӣ?! Фоҳишаҳои бесоҳиб, аз дасти шумоён бачаи бечораамро хонадор кардам, то дигар клей барин начаспед, лекин ҳоло ҳам рӯз надорам. Мемонед, ки писарам бо занаш осуда зиндагӣ кунад ё не?! Худоё, чаро духтарҳои инзамона ин қадар бешарму беҳаё бошанд-а?! Дар вақташ мо ҳам духтар будем, лекин аз паси бачаҳо намедавидем. Аз сад бачаи талабгор яктоаш ғолиб омада, духтареро ба занӣ мегирифт. Фаррух бо занаш дар хориҷа, дигар сари писарамро гаранг накарда ягон бачаи дигарро ёбу шӯ карда рав…
Ҳарчанд ба модари Фаррух мефаҳмондам, ки байни мо ягон муносибати бешармона набуд, маро шунидан нахоста, ҳар чӣ аз даҳонаш барояд, гуфтан мегирифт. Ин зани синну солаш ба ҷое расида аз пашша фил сохта, маро дар байни мардуми бозор шарманда кард. Ба хона омада ба он рӯзе, ки бо Фаррух шинос шудам, лаънат хондам ва барои тақдири баду чор сол беҳуда роҳи ошиқи бевафоямро поиданам зор-зор гиря кардам. Фаррух, агар номаи маро мехонӣ, дуоямро низ бишнав:
Илоҳо барои маро бе корд куштанат, ба балои бад гирифтор карданат Худованд туро ба балои азим гирифтор созад! Асло рӯйи бахту рӯйи фарзандро набинӣ, номарди дурӯғгӯи бевафо!
Манижа, сокини ш. Душанбе