Як аскарбачаи тоҷик худро ба дарё партофтааст. Ин ҳодисаи нохуш шаби 27-уми апрел дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат рӯй дода, Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзодаи 23-сола, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа хидмат мекард, худро ба дарёи Кофарниҳон ҳаво додааст. Ба навиштаи расонаҳо, пайвандони сарбоз ҷасади ӯро ҷустуҷӯ доранд.
Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода сокини ноҳияи Файзобод буда, 8 моҳ пеш ба хизмати аскарӣ даъват шудааст ва сарбози як баталёни Вазорати мудофиа дар ноҳияи Рӯдакӣ будааст. Гуфта мешавад, ки аскарбача қабл аз худкушӣ телефони мобилиашро ба як зани роҳгузар дода, баъд худашро аз болои панҷараи пул ба дарё партофтааст.
"Зан фикр кардааст, ки вай телефонро барои суратгирӣ ба ӯ додааст ва вақте ин ҳодисаро мебинад, сахт метарсад. Сарбоз ба зан ягон гап нагуфтааст, ки чаро ин корро мекунад. Дигар раҳгузарон ҳам шоҳид будаанд. То 500-600 метр ӯ дар рӯи об метофтааст, вале баъдан дар зери об нопадид шудааст",- омадааст дар хабар.
Ин ҷавон як сол пеш хонадор шуда, падари як кӯдаки 5-моҳа будааст ва ба муҳлати даҳ рӯз ба рухсатӣ баромада, бояд 28-уми апрел ба артиш бармегаштааст. Гурдаҳояш иллат доштаанд ва он рӯз вай ба наздиконаш гуфтааст, ки барои ташхис ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат меравад.
Сабаби худро ба дарё ҳаво додани Шаҳбоз Ҷонмаҳмадзода маълум нест.