1-уми феврал дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар ҷашни Сада кишоварзони шаҳру навоҳии мамлакат асбоби кори кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш мегузоранд. Дар ин рӯз ҳамзамон намоиш-фурӯши ниҳол доир мешавад.
Дар ҷашни Сада олимони соҳаи кишоварзӣ, тухмипарварони мамлакат ва боғпарварон навъҳои гуногуни зироати донагӣ ва ниҳолу буттаҳоро ба намоиш гузошта, ба деҳқонон роҳу усули парвариши онро тавсия медиҳанд.
Бояд гуфт, ки ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориётабор ба шумор мерафт. Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.
Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.