Шумораи иштирокчиёни тантанаҳои Наврӯзӣ дар пойтахти Русия, шаҳри Маскав 10 маротиба зиёдтар шудааст. Дар ин бора президенти институти дин ва сиёсати ин кишвар Антон Игнатиенко дар нишасти матбуотӣ хабар додааст.
Ба гуфти Игнатиенко аз соли 2006 то имрӯз шумораи афроде, ки ҳамасола дар чорабиниҳои наврӯзии дар ВДНХ, Пушкинский ва «Лужники» барпошаванда ширкат меварзанд, аз 5 то ба 50 ҳазор нафар расидааст.
Президенти институти дин ва сиёсати Русия мегӯяд, дар чорабиниҳои идонае, ки ба ифтихори ҷашни Наврӯз гузаронида мешаванд, натанҳо намояндагони ҷамъияту диаспораҳои миллӣ, балки сайёҳони хориҷӣ ва худи сокинони шаҳри Маскав низ ширкат меварзанд.
Ёдрас мешавем, ки аз соли 2010 инҷониб Наврӯз-ин ҷашни суннатии марумони ориёинажодро ҳамчун иди байналмиллалӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла дар Тоҷикистон, Ӯзбекситон, Қазоқистон, Қиғизистон, Туркманистон, Русия, Афғонистон, Тотористон, Туркия, Эрон,ва ҳатто Албанияву Озорбойҷон бо тантанаҳои хоса истиқбол мегиранд.
Маъмулан Наврӯз рӯзҳои 21-22 март таҷлил карда мешавад, вале дар Маскав исмол Наврӯзро рӯзи 24-март ҷашн мегиранд.
Маъмулан Наврӯз рӯзҳои 21-22 март таҷлил карда мешавад, вале дар шаҳри Маскав исмол Наврӯзро рӯзи 24-март ҷашн мегиранд.
Қобили зикр аст, ки ҷараёни таҷлили ҷашни Наврӯзро дар Маскав тариқи онлайл аз шабакаҳои ВКонтакте» и «Одноклассники» ва дар сомонаи «Комсомольская правда» ҳудуди 2 миллон нафар тамошо карда метавонанд.