Formula novemver 2024
“АШК”-И МОДАР
6076

Баҳор. Май. Вақти пешин. Дар берун шамол мевазид. Далер аз корхона баромада, ҷониби хона рафт. Чун имрӯз шанбе буд, ӯ аз кор барвақт баромад ва хост хӯроки пешинро бо хонаводааш хӯрад. Ба занаш занг зада, манту супориш дод.

Вақте Далер ба хона даромад, занаш аллакай хӯрокро кашида, ҳамроҳ бо кӯдакон дар сари дастархон мунтазири ӯ менишастанд. Ба аҳли хонавода салом доду рост барои дастшӯӣ рафт. Сипас, омада ба сари дастархон нишаст. Ҳама машғули мантухӯрӣ шуданд. Хӯрок бисёр ҳам бомазза шуда буд.
Баъди хӯрдани хӯрок ӯ хост истироҳат кунад, бинобар ин ба ҳуҷраи хоб гузашт. Ҳамин ки ба ҷойгаҳ даромад, доду фарёди зани ҳамсоя ба гӯшаш расид. Гумон кард, ки Фарҳоди писараш боз маст омадаасту ҳамсару модарашро латукӯб дорад, зеро вақти ба хона омадан дида буд, ки ӯ дар тарабхонаи марказии ноҳия масти аласт мехобид. Аз ҷойгаҳ хесту назди тиреза рафт. Тиреза рӯ ба рӯйи хонаи Фарҳод ҷойгир буд. Вақте як табақи онро кушод, нолаи ҷонгудози модари Фарҳод ба гӯшаш расид, ки “сад дареғи писари бетақдирам” мегуфт. Далер дар аввал ба чизе сарфаҳм нарафт. Хост, ки рафта хоб кунад, аммо ба нолаи зани ҳамсоя овозҳои дигар пайваст шуданд. Барои фаҳмидани асли воқеа ӯ ба берун баромад. Занаш дастархонро гузошта, ба куҷое рафтанӣ буд. Далер аз ӯ пурсид:
- Дар берун чӣ гап бошад? Ҳамсояҳо ин қадар доду фарёд доранд. Намегузоранд, ки як дам истироҳат кунеме.
- Мадина бо сари хам ба шавҳараш гуфт:
- Фарҳоди ҷӯраатон аз нӯшидани зиёд мурдааст. Ҷасадашро аз тарабхонаи маркази ноҳия ёфтанд. Ҳозир бояд биёранд.
- Далер ба ёд овард, ки расо 2 соат пеш ӯро дар дохили тарабхона дида буд. Дарав либосҳояшро пӯшида, ҷониби хонаи ҳамсоя давид. Одамони зиёде аз гирду атроф ҷамъ омада буданд. Занҳо дар рӯйи кат нишаста, доду вой доштанд. Мардон дар даводави маросими ҷаноза буданд. Ҳамиин вақт ҷасади беҷони Фарҳодро ба хонааш оварданд. Модараш аз рӯйи кат давида фаромаду пойи луч ҷониби писараш давид. Ҳар замон ӯро ба оғӯш мегирифту аз рухсораҳои докапечаш мебӯсид. Кӯдаконаш Шаҳлову Наҷиб ҳам гирёну нолон назди дадаашон омаданд. Шаҳлояки шашсола оби чашмаконашро поккунон “Дада, дадаҷон. Хезед! Хезед!” - гӯён ба рӯйи падараш нигоҳ мекард. Наҷиб, ки нав чордаҳро пур карда буд, бо чашмони ашколуд ба рӯи ӯ менигарист, вале хап буд. Занаш Насиба ҳам бо чашмони пур аз ашк фиғон аз ҷигар баровард.


ХУШДОМАНИ ГАНДАРО ХУДО БАРДОРАД (ҚИСМИ 2)


- Ҳамаи хешу табори марҳум низ омаданд. Модари зораш холаи Мавлонбӣ рӯйканону мӯйканон ба шайтон лаънат мегуфт, ки писарашро ба роҳи хато бурду оқибат қурбони ин заҳри қотил намуд. Аҳли ин хонадон шод буданд, ки минбаъд аз лату кӯби Фарҳод халос шуданд, зеро ҳар бори арақнӯшӣ омада зану фарзандон ва модари нимҷонашро бераҳмона мезад. Кампир ҳатто дуо мекард, ки Худованд яккаписараш Фарҳодро зудтар гираду ҷони модар ва зану бачаҳояшро аз азоб халос кунад.
- Мӯсафедони деҳа низ расида омаданд. Бо маслиҳати Эшони Саидумар писари амаки марҳум Шарифро ба назди имомхатиби масҷиди маҳаллаи боло домулло Қамариддин фиристоданд, то ки омада намози ҷанозаи ӯро хонад, зеро домуллои масҷиди худашон бемор буд. Майитро барои шуста кафан кардан ба хонаи дарун дароварданд. Баъди анҷоми кор ҷисми беҷони Фарҳодро, ки бо матои сафед пӯшонида буданд, бароварда дохили тобут гузоштанд. Аз имомхатиб дараке набуд. Хешовандон бо Фарҳод видоъ мекарданд, хусусан, модараш зиёд афгор шуда буд. Хост бори охир симои писари ягонаашро бубинад, аммо ҷуръат накарду аз ҳуш рафт. Занҳо момаи Мавлонбиро бо як азоб ба ҳуш оварданд. Ӯ боз аз ҳуш рафт, зеро дигар мадораш намонда буд.
Домулло Қамариддин низ омаду ба соҳибони майит изҳори ҳамдардӣ намуд. Сипас, онҳоро каме насиҳат кард, ки “мо аз они Худоем ва бозгаштамон ҷониби Ӯст. Кай омадану кай рафтанамон маълум нест. Бинобар ин бисёр гиря накунед, ки руҳи марҳумро ношод месозед”. Баъдан тобутро бардоштанд. Вақте ба масҷид расиданд, домулло сабаби марги Фарҳодро пурсид ва Шариф ҷавоб дод, ки аз нӯшидани зиёд дилаш аз задан мондааст. Домулло хондани намози ҷанозаро қабул накард ва гуфт, ки барояш ҷаноза кардан дуруст нест. Ҳарчанд амаку тағоиҳои Фарҳод зорӣ намуданд ҳам, намози ҷанозааш хонда нашуд. Мурдаро бе ҷаноза бурда гӯру чӯб намуданд. Тибқи одат баъди гузоштани 7 қадам аз назди қабр бобои Камол ба ҷанозахонҳо рӯ оварда, гуфт:
- Азизонам, биёед дар васфи Фарҳодҷон гап занем. Ба фикри Шумо ӯ чӣ гуна шахс буд? Ман ӯро марди беҳтарин мешуморам. Илоҳо, маконаш гулзори Ҷаннат шавад!
Ин вақтаз байни равандаҳо касе ба мӯйсафед муроҷиат карда гуфт:
- Бобо, ақлатонро хӯрдаед!? Чӣ гуна марди оқил буд, ки аз ин дунё бе ҷаноза рафт? Дар ҳаёташ ҳаргиз намоз нахондаву рӯза нагирифта буд. Зану фарзандон ва модараш аз дасти ӯ рӯзи хуш надоштанд. Доим менӯшиду омада онҳоро лағадкӯб мекард. Ҳатто, бе имон сафар кард.
Камолбобо ба он ҷавон, ки Фариддун ном дошта дар ҳамсоягии Фарҳоди зиндагӣ мекард, нигариста гуфт:
- Писарам, ин хел нагӯю дар ҳаққаш дуои нек кун! Худованд бахшанда ва меҳрубон аст.
Баъди дафни Фарҳод ҷӯрааш Далер ба хона омад. Аллакай намози шом шуда буд. Занаш хӯрок овард, аммо дилаш чизе накашид. Симои Фарҳоди нокому ғуррамарг ҳамеша дар пеши назараш буд.
Далер дар бахши ҷавонони ноҳия муҳосиб шуда кор мекунаду маоши хуб мегирад. Ҳар гоҳ ки арақнӯшии нафареро бинад, нолаҳои зори модари Фарҳоди ғуррамарг ба хотираш меояд. Ба гуфтаи ӯ дар дохили бакал арақ нею ашки чашмони ҳазорон модари зор ҷамъ шудааст. Дар ҳақиқат, марги Фарҳод оинаи зиндае буд дар ҳаёти Далер, ки ӯ аз ин сабақи хубе гирифт. Қасам хӯрд, ки дигар ҳаргиз пиёлаи арақ ба лаб намебарад.

Мирсаид САТТОРИЁН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД