Наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ ҷасади як шаҳрвандро аз об баровардаанд.
Бино ба иттилои КҲФ, шоми 3-юми сентябри соли 2025 тахминан соати 18:50 дақиқа гурӯҳи наҷотбахшони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади шаҳрванди ноҳияи Рӯдакиро, ки дар ҳудуди ноҳия ғарқ шуда буд, аз об баровардаанд.
Гурӯҳи ғаввосони раёсати мазкур ҷасади шаҳрвандро аз мавзеи хавфнок берун бароварда, ба сохторҳои дахлдор супоридаанд.