Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз пайдо шудани боз ду ҷасад аз дарёҳои кишвар хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ғарқшудагон яке марди 62-сола ва дигарӣ кӯдаки 8-сола будааст...
Ҷасади сокини 62-солаи деҳаи С. Гадои ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Ҳамадонӣ, ки ҳанӯз рӯзи 17-июл ҳангоми оббозӣ дар канали байни деҳа аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда буд, пас аз 14 рӯз сар задани ин рӯйдоди нохуш, санаи 31-уми июл тақрибан як километр дуртар аз ҷойи ҳодиса аз ҷониби сокинони маҳаллӣ пайдо ва ба наздиконаш супурда шуд.
Дар ҳамин рӯз боз як ҳодисаи дигари нохуш рӯй дода, ҷасади як кӯдаки ноболиғи сокини маҳаллаи Таги қалъаи ноҳияи Дарвозро аз дарёи Панҷ пайдо карданд. Гуфта мешавад, ки кӯдак ҳанӯз 20 рӯз қабл бо сабабҳои номаълум ба дарёи Панҷ афтида, ғарқ шуда будааст. Ҷасади ин кӯдаки маъсум 48 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ҷониби сокинони ин маҳал пайдокарда шуда ба мақомот супурда шудааст.
Аз аввали соли равон ҳудуди 120 нафар дар дарё ва обанборҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки тақрибан 70 нафарашон кӯдакон ва наврасони то синни 16 мебошанд.
Азиз Субҳонов