Рӯзҳои 9 ва 10-уми август аз дарёи Вахш ҷасади ду сокини ноҳияи Кӯшониён, ки дар ду ҳафтаи гузашта ғарқ шуда будаанд, пайдо гардидаанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода, гуфтааст, ки яке аз ин ҷасадҳо писари 9-солае будааст, ки рӯзи 5-уми август дар канали “ПИКТ-25”-и Вахш ғарқ шуда буд. Ба гуфтаи ин ниҳод, ӯ сокини деҳаи Вахшруди ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён буда, “аз беназоратии падару модар” дар об ғарқ гардидааст. Ҷасади ин ноболиғ рӯзи 9-уми август аз дарёи Вахш (12 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса) пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шудааст.
Ҳамчунин, рӯзи 10-уми август аз ин дарё ҷасади Саидмуродов Саидикром, сокини 21-солаи деҳаи Лоиқ Шералии ҷамоати Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён ёфт шудааст. Ба қавли мақомот, ӯ рӯзи 31-уми июл ҳангоми оббозӣ дар рӯди Вахш, дар ҳудуди шаҳраки Сарбанди шаҳри Левакант ғарқ шуда буд. Ҷасади ин ҷавонро мақомот 15 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо карда, ба волидонаш супоридаанд.