arzon replenishment
Ҷасади ҷавони панҷакентиро аз Фондарё ёфтанд
680


Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании тоҷикистон ҷасади ҷавони 22-солаеро, ки 5 рӯз қабл баъди садамаи дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд нопадид шуда буд, билохира пайдо карданд.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар додааст.
“20-октябри соли 2022 кормандони бахши наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон ҷасади як сокини 22-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекатро пайдо карданд. Ин ҷавон рӯзи якшанбе, 16-уми октябри соли равон дар натиҷаи як садами мудҳиш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нопадид шуда буд. Ҷасади ӯро 15 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар рӯди Фон пайдо карданд”-омадааст дар хабар.
Ёдрас мешавем, ки ин ҳодисаи нохуш рӯзи 16-уми октябри соли ҷорӣ сар зада,дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар наздикии шаҳраки Зарафшон ноҳияи Айнии вилояти Суғд мошини тамғаи “Opel Astra”, ки аз ҷониби сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Панҷекат ба самти пойтахти кишвар ба дарёи Фон сарозер шуд. Дар натиҷа як мусофири мошин ва ронандаи он-сокини ҷамоати Шинг дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ду мусофири дигар, ки яке 63-сола ва дуюмӣ 22 сола буданд, бо захмҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ дар гурӯҳи навоҳии минтақаи Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасади ҳалокшудагон ва захмиёнро аз об берун оварданд. Ҷустуҷӯи шахси нопадидшуда идома дошт ва билохира баъди чанд рӯз ҷасадашро аз Фондарё пайдо намуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандон ва наздикони ҳалокшудагон изҳори таслият мекунад ва аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёт кунанд. Суръати ҳаракатро боло набаранд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД