Sebiston new 2024 october
АРВОҲИ ШАВҲАРАМ МАРО МЕТАРСОНАД
27.09.2020
Р. Азимӣ
4389

 

Ману Исроил ҳамдигарро дӯст дошта хонадор шудем. Зиндагиамон ширин буд, аз чизе камбудӣ надоштем, ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром мекардем, волидонамон низ розӣ ва хурсанду мамнун буданд, вале ба бахти мо чашм расид. Чашми бади ҳасудон!

Писарчаам Ҳилолӣ нав яксола шуда буд, ки шавҳарам дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуда ҷон ба ҳақ супорид. Хабари марги Исроилро шунида аз худ бехуд шудам. Садоям дар гулӯям дармонда, маҷоли гиряву нола надоштам, танҳо мисли девонаҳо гирди хона чарх зада зери лаб “шавҳари ман зинда аст, ба ӯ чизе нашудааст” мегуфтаму халос.

Дере нагузашта ҷасади пур аз хоку хуни Исроилро оварданду бо дидани ҷисми абгори бе ҷонаш ман ҳам гӯё мурдам. Сарамро ба дару девор зада, зор-зор мегиристам, вале тақдирро тадбир ва падари ҷавонмарги фарзандамро зинда карда намешуд. Хулоса, ҷасади Исроили номуродро бо нолаю фиғон ба хок супурдем. Умри инсон зудгузар аст, ҳамин, ки аз олам чашм пӯшидӣ, дар як дам ҳафту чилу солатро дода, фаромӯшат мекунанд, маъракаҳои мотамии Исроили нокоми ман низ ба анҷом расидаанду ба қисмати талхам лаънат хонда ба хонаи падарам баргаштан хостам, вале хушдоманам “набераамро аз ман ҷудо накун ” гӯён, чунон нола кард, ки дилу ҷигари сӯхтаам якбора обу адо гашт.

Қарор додам, ки минбаъд ба хотири ин кампири ҷигарсӯхта ва фарзанди ягонаам зиндагӣ мекунам. Намедонам хӯрондану пӯшондани келин барояшон душворӣ кард ё чизи дигар, ки баъди чанде хушдоманам бо баҳонаи хабаргирӣ як шом маро ба хонаи падарам оварда монду писарамро гирифта рафт. Баъдтар фаҳмидам, ки онҳо пешакӣ бо волидони ман маслиҳатро пазонда будаанд, чунки ҳамон шаб модарам қариб то дамидани субҳ “ҳоло ҷавон ҳастӣ, ҳаётатро беҳуда нагузарон, бигзор набераашонро худашон нигоҳубин кунанд, ту ягон марди хубро ёфта шавҳар кун” гӯён, ба таври худ маро насиҳат кард.

Ночор ба тақдир тан додам. Акнун аз ҳар тараф мардони занмурда ба хонаамон хостгорӣ меомаданд. Падарам аз байни талабгорон якеро интихоб карда, маро дубора ба шавҳар дод. Бо дили хунчакон ба хонаи шавҳарам омадам. Ҳарчанд шавҳари дуюмам марди бад нест, вале ман ӯро ҳеҷ дӯст дошта натавонистам. Дилам ҳамоно бо ёди Исроил гум мезанад. Аксар вақт шабҳо шавҳари раҳматиам ба хобам медарояду чанд рӯзи дигар девонаҳо барин бо авзои парешону хотири озурда мегардам. Исроилро ҳамеша дар хоб зебою ҷавон мебинам, аз дастам маҳкам дошта маро ба як теппаи сабзи баланд бурдан мехоҳад, вале тарсида, додзанон аз хоб бедор мешавам.

Метарсам, ки арвоҳи Исроил рашк карда, оқибат маро ба назди худаш мебарад. Ё руҳаш аз он норозист, ки писарчаи хурдакакамро ба бибию бобояш гузошта шавҳар кардам? Шумо чӣ андеша доред, хонандагони азиз?

Фироқ, ш. Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД