Салом ба хонандагони сомонаи Оила. ТЧ.
Дӯсти ҷонӣ аз бародар беҳтар аст” мегӯянд дар урфият ва ман ҳам ба хотири як дӯсти наздикам маҷбур шудам, ки ба шумо муроҷиат карда, маслиҳат бипурсма.
Замони дар аскарӣ буданамон ману Ҳабиб бо ҳам хеле наздик гашта, дӯстони ҷонӣ шуда мондем. Давоми ду сол мо барои ҳамдигар мисли бародар будем. Дӯстам тамоми сирру асрори дилашро ба ман мекушод ва аз нақлҳояш фаҳмидам, ки духтареро сахт дӯст медоштааст.
"Ростӣ ман ҳам он духтарро мешинохтам, чунки аз деҳаи худамон буд, вале дар ин бора ба ҳабиб чизе нагуфтам, ки мабодо дилаш дур наравад. Ҳамин тавр аз байн ду сол гузашту мо хизматро тамом кардем, вале дӯстамон ҳамоно идома дорад."
Дӯстдоштаи Ҳабиб духтари бад набуд, вале баъди аз аскарӣ баргаштан фаҳмидам, ки дар ин ду сол тамоман одами дигар шуда, ба қавле аз кӯчаи одамгарӣ баромадааст.
Чанд бор бо чашми худам аз мошинҳои бегона фаромаданашро дидам. Ба гуфти ҳамсояҳо бо мардҳои бою бадавлат ишқварзӣ мекардааст.
Дирӯз Ҳабиб ба ман занг зада гуфт, ки волидонашро ба хонаи ҳамоен духтари дӯстдоштааш ба наздикӣ хостгорӣ фиристоданист. Хостам гӯям, ки аз баҳри он духтар гузар, вай ба ту муносиб нест, вале боз истиҳола кардам. Байни дуроҳа монда, чи кор карданамро намедонам.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, духтари бадгашт будан ва кавалер доштани арӯсашро ба ҷӯраам гӯям ё ба кори онҳо дахолат накунам?
М. С