Sebiston new 2024 october
АРӮСИ ПОЙЛУЧ (ҚИСМИ 2)
26.08.2021
ДИЛОШӮБ
2264

 ДАВОМАШ...

Дузди худӣ

Ду моҳ пас аз тӯяш Нозро талбиданд, Шоира мисли ҳарвақта дар хонаи онҳо буду ба Нозукмоҳ ёрӣ мерасонд.

Ӯ ҷӯробҳояшро дар пойи Шоира дида шинохт, тағояш аз Русия барои ҳама ҷӯроб оварду як ҷуфт сиёҳи серпашму зеборо ба бибияш дароз карда гуфт:

-Оча, инҳоро модархонди русам ба шумо фиристод. Модаркалонаш баъдтар онҳоро ба Ноз дод ки дар сандуқат мон… Ноз оҳистаяк ин шубҳаашро ба зани тағои калонияш гуфт ва янгааш пичиррос зад, “дуздон Нозукмоҳу Шоираанд, аммо ман аз аммаам тарсидам, ки гӯям. Ман инро аз аввал медонистам, зеро ҳамон шаб дукаса то рӯз хоб нарафта буданд”. Рӯзи дигар дар хонаи Нозукмоҳино тӯй шуду ҳама ба тӯй рафтанд. Ноз кӯрпаҳои янгаашро афтонда, сандуқҳояшро кофт ва ними чизу чораашро ёфт, чун модаркалонаш аз тӯй баргашт, ба ӯ ҳамаашро гуфт. Аммо кампир “бар, дар ҷояш мон, тағоят фаҳмад, талоқашро медиҳад, ту маро аз як акаам ҷудо мекунӣ” гуфта, гиряву ноларо бардошт. Дили Ноз аз бибияш ҳам сард шуд ва ҳама чизи дуздидаи янгаашро дар ҷояш монда, дигар дар ин бобат ҷое лаб накушод, аммо дуздии Нозукой дар ҳама ҷо овоза шуд. Ҳоло ҳам бо гузашти солҳо ӯро Нозукмоҳи дуздак ном мебаранд.

 Ҳаққи сағира

Аз ин ҳодиса понздаҳ сол сипарӣ гашт, Ноз имрӯз соҳиби ду писару ду духтар, зиндагии тинҷу осуда, шавҳараш барояш хонаву дари барҳаво сохта, бо дуои хусуру хушдоман рӯзғорашро ҷудо сохт. Ҳарчанд шавҳараш ниёз ба пули ӯву кори ӯ надорад, вале ӯ баробари шавҳараш бори зиндагӣ мекашад. Фарзандонаш низ хушахлоқу ифтихори падару модаранд…

Нозукой шаш фарзанд дорад, ки панҷтояш беморанд, ҳам ақлашон кам асту ҳам биноияшон суст. Ду сол боз дарди сахти пой азобаш медиҳад, ки давояшро ягон табиб намеёбад, пойҳояш варам мекунанду ба зӯр роҳ меравад.

Аҳволи Шоира аз ӯ бадтар аст, ӯ ҷарроҳӣ карда, як омоси синаашро мегирад, ки дигараш пайдо мешавад, ҳамеша дар ба дари беморхонаҳо овораву сарсон аст. Нози дилсӯз кайҳо ду дуздро бахшида бошад ҳам, онҳоро Худои бузург набахшида будааст. Пеши он зоти пок ягон гунаҳ пинҳон намемонад. Чӣ гуна гуноҳи кабира будани хӯрдани ҳаққи ятим дар китобҳои осмонӣ низ омадааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки ҳаққи ятимро хӯрдӣ, дониста бош, ҳама ҷоятро сӯрох карда мебарояд.

Худованд ҳар яки моро ба роҳи рост ҳидоят кунад…

                                                                           

 АНҶОМАШ...

                                    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД