Formula novemver 2024
АРӮСИ ГИЗАЛА (қисми 2)
4057

Давомаш ...

Субҳ Баширҷон чизеро пай набурда, сумкаи пулро гирифту рафт, вале шом бо табъи хира ба хона баргашта аз занаш пурсид:

- Шамсия, росташро гӯй, пулҳоро ту гирифтӣ?

- Кадом пулҳоро? - худро ба нодонӣ зад арӯси ҳилагар.

Баширҷон дид, ки ҳамсараш ба гуноҳаш иқрор намешавад, чизе нагуфта, ба ошхона гузашт ва лаҳзае пас корди калони гӯштмайдакунӣ дар даст ба хонаи хоб баргашту аз мӯйҳои занаш дошта, ӯро ба замин хобонд ва кордро ба гулӯяш монда гуфт:

- Ҳозир саратро мегираму мурдаи ҳароматро бурда ба ҷангал мепартоям ва ба падару модарат мегӯям, ки духтари тарпочаатон дар Русия кавалер ёфта, ҳамроҳи ошиқаш гурехта рафт. Росташро гӯй, пулро гирифтӣ ё не?!

Шамсия аз дидани чашмони хунгирифтаи шавҳараш тарсида, на танҳо ба гуноҳаш иқрор шуд, балки чӣ тавр ғорат кардани сандуқи хушдоманашро низ гуфта дод...

Талоқ

Рӯзи дигар Баширҷон барои Шамсия чиптаи ҳавопаймо харида, бо қошу қавоқи гирифта ӯро ба фурудгоҳ бурд ва чор ҳазор доллари дуздидаашро ба дасташ дода гуфт:

Беҳуда намегуфтаанд, ки “Хокро гирифтӣ, аз хоктӯдаи баланд бигир”. Ту ҳаромиро падару модарат дузду ғар, ки буданд, оқибат пастиатро нишон дода, маро дар назди коргаронам шарманда кардӣ. Се талоқат кардам! Аз ҳамин рӯз эътиборан дигар дар чашмам натоб, ки туро зинда намемонам!

 

Шамсия аз тайёра фаромада, таксиеро киро кард ва рост ба хонаи падару модараш рафта, буду шуди ҳодисаро ба модараш нақл кард. Барои он ки дуздии духтараш фош шуда, обрӯяшон нарезад, Бибинози маккора Башири бечораро туҳмат зада, овоза паҳн кард, ки домодаш дар Русия як кампири урусро ба занӣ гирифта будааст ва аз рӯйи ҳамон “бева” - и ҷодугар гул барин духтари ӯро талоқ додааст...

Ана ҳамин хел арӯси гизала аз рӯйи одати бадаш ҳам аз бахт монду ҳам аз тахт. Баширҷон бошад, баъди як соли ин воқеа ба Ватан баргашта, зеботарину беҳтарин духтари деҳаашонро ба занӣ гирифт. Ҳоло вай зиндагии ободу осоишта дорад…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД