Ноздона ва эркаи хонадон
Мо дар оила се нафар будем, ду бародарам ва ман хоҳари хурдию ноздона ва эрка. Падарам хеле ҷавон оламро падруд гуфтаю модари меҳнатиям моро бо меҳнати сахти деҳқонӣ ба воя расонида буд. Ӯ зани мардсифати қоматбаланди ниҳоят зебо буд, вале зебогиҳояш пушти гарду чанг ва шираи пахта пинҳон буданд. Зеро ӯ бонуи фаъол, коммунисти ҳақгӯй ва сарвари бригадаи номдори пахтакорӣ буд. Мо ба хондан шавқи зиёде доштем, бародаронам баъди хатми мактаб пасопеш ҳар ду ба донишгоҳи он вақтҳо хеле бонуфузи хоҷагии қишлоқ дохил шуданд. Модарам шабу рӯз меҳнат мекард то ҷигарбандонаш аз чизе танқисӣ накашанд, бародарони баномусам низ хеле хуб мехонданду ҳар ду стипендияи ленинӣ мегирифтанд. Ҳангоми таътил ба деҳа омада, шабу рӯз дар саҳро ба корҳои модарам ёрӣ мерасониданд. Барои ман, ки он вақтҳо дар синфи шаш мехондам, сару либоси хоси духтарони шаҳрро меоварданд, маро модарам чун лӯхтак оро дода, ба мактаб мефиристоданд. Дар деҳа танҳо ман «духтари бригадир» чунин либос мепӯшидам, ҳамсинфонам бо ҳайрат дар гирдам парвона мешуданд. Орзу доштам, ки мисли модарам пахтакор мешаваму савори аспи гули бодом сар ба сари заминҳои пахта мегардам, аммо модарам ба ин қатъиян зид буд. Ӯ мегуфт, ки ман худамро қурбони хоку замин кардам бас, ту духтур мешавӣ!
Зеботарин духтари ноҳия
Бародари калониям донишгоҳро хатм карду баъди ду соли фаъолияташ дар колхоз ӯро раис монданд. Бародари хурдиям бошад, дар ҳукумати ноҳия кор мекард, модарам низ баробари онҳо меҳнат мекарду акнун мудири фермаи мурѓпарварӣ буд. Ман ин асно дар синфи даҳ мехондаму мӯйҳои дарозамро майдабофӣ карда, куртаи атласи намози шомро ба бар намуда, тоқии зардӯзиямро каҷ гузошта, бо таманно дар боли орзуҳо парвоз мекардам. Бародаронамро ба зеботарин духтарони деҳа хонадор намуда, ормон шикастем, янгаҳоям ҳарду дар боѓчаи бачагон кор мекарданд. Баъзан дар хона кор мебаромаду ман ба ҷойи ин ё он янгаам ба кор мерафтам. Дунёи кӯдакон писандам омаду ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи ѓоибонаи Донишгоҳи омӯзгорӣ супоридам ва дар ҳамин боѓча ба ҳайси мураббӣ ба кор сар кардам. Зеботарин духтари ноҳия, комсомоли фаъол ва хоҳари бародарони баобрӯ будаму хостгорони зиёде доштам, аммо модарам мегуфт, ки ҳоло як ду соли дигар барои арӯсӣ ҳаст. Дар хонаи мо гапи модарам қонун буд, ду бародарам ба мансабҳои баланд расида буданду модарам зердасти бародари калониям ба ҳисоб равад ҳам, медидам, ки дар бисёр масъалаҳои хоҷагидорӣ бо ӯ маслиҳат мекард. Чандин бор маро ба мансабҳои баланд даъват карда бошанд ҳам, модарам розӣ намешуд, мегуфт, ки зан бояд аввал бахти оилавияшро фикр кунад. “Ман аз ин бахт бенасиб, ки будам, худамро ба корҳои сарварӣ задам, бас аст”, мегуфт модарам.
Ҷавонони беҳтарини ноҳия ба хостгориям меомаданд, аммо ягон нафари онҳо шояд аз тарс ё аз ҳурмати бародаронам ба ман гаппартоии беҳуда намекард, вале….
Муҳаббат дар майдони пахта
Он замон пахтачинӣ барои ҳукумат яке аз маъракаҳои муҳим ба ҳисоб мерафт ва ҳамин гуна шиорҳо буд, ки «Пахтачинӣ фронти зарбдор»… Соли дуюми кориям буд, ки ба хоҷагии мо донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгориро барои пахтачинӣ оварданд, қариб сад нафар духтарону ҷавонон бо шӯхию бозӣ майдонҳои пахтазорро ба хандазор табдил дода, пахта мечиданд. Ѓайр аз ин, онҳо ҳар шом дар клуби колхоз консерт ва бозиҳои гуногун намоиш медоданд, мо ҷавонони деҳа низ бо онҳо ҳамроҳ мешудем. Дар ҳамин гуна яке аз шомҳои ҷавонӣ ман бо Ориф ном ҷавонмарди болобаланду зебои шаҳрӣ шинос шудам. Бо дидани Ориф вуҷудамро як гармии изтиробангез фаро мегирифту чашм аз чашмонаш канда наметавонистам. Оҳиста - оҳиста вохӯриҳои дӯстонаи мо ба шабзиндадориҳои пур аз оѓӯшу бӯсаҳои ошиқона мубаддал гаштанд. Ориф ҷавони боодоб ва соҳибфарҳанге буд, ки ман амосолашро вонахӯрда будам, ӯ дар хонаи бачаҳо тарбия ёфта, дар курси охири донишгоҳ мехонд. Ману ӯ бо ҳам қасри орзуҳоямонро месохтем, Ориф нақл кард, ки падару модараш ҷавон аз олам гузаштаанду бибиии пираш ӯро ба воя расонида натавониста, ба тарбияи давлат ҳаволааш намудааст. “Ман туро ба занӣ мегираму баъд якҷоя кор карда, соҳиби ҳама чиз мешавем”, мегуфт маҳзунона Ориф, аммо ман боварӣ доштам, ки модарам ба ин издивоҷ ҳеҷ розӣ намешавад! Пахтачинӣ ба охир расиду Ориф низ бо ман хайрухуш карда гуфт:
- Файзия, ту шаш моҳаки дигар интизор шав, ман донишгоҳро хатм карда, ба кор мебароям, аз ҷойи кор ба ман хобгоҳ медиҳанд, баъд хонадор мешавем…
Давом дорад