arzon replenishment
АРӮСИ ҲАФТРӮЗА (ҚИСМИ 5)
7866

(идомааш)

- Дардатонро медонам, - гуфт Нигина.

- Баъ чӣ? Рав хоб кун, - гуфт Раҳим.

- Аз кай боз мекашед?, - пурсид духтар.

- Аз таввалудшавии ту. Боз ягон савол дорӣ?

- Не, ҳозир баромада, ба очаам мегӯям, ки маро гирифтаа барад, - гуфт Нигина ва ба тарафи дар равон шуд.

- Ист дар ҷоят, - ср боло кард Раҳим.

- Маро бебахт накунед. Беҳтараш меравад, - боз гуфт Нигина.

- Кӣ бебахт? Ман? Аз таввалудшавиам тамоми неъматҳои дунё бароям муҳайё шудааст. Дар ташвиши тӯй шуда, ”дору” - амро аз ёд баровардам, - гуфт домод ва сарашро хам кард.

- Арақ нӯшед пас. Камтар дард мекашед? – боз гуфт Нигина.

- Не!, - гуфт Раҳим калла ҷунбонда.

- Чӣ кор кардан даркор?, - боз пурсид духтар.

- Ғайр аз дору дигар ҳеҷ чизро фоида надорад, - гуфт Раҳим ва аз хона баромад.

Нигина либосашро иваз карду сарашро ба болишт монд. Мехост пагоҳии барвақт ба хонаашон баргардад. Рӯйи ғазабноки падар, тӯй, бӯсаҳои Аскар, таҷовуз ... Фикрҳо оромаш намегузоштанд. Ниҳоят хобаш бурд. Ҳамин тавр, шаби якуми оиладорӣ ба анҷом расид.

Рӯзи дуюм

Субҳ домод сархам аз хона баромад ва ба урфу одат риоя карда, ба янгаҳо пул дод. Янгаҳо вақте ба хона даромаданд, ба якдигараш нигоҳ карда, китф ҷунбониданд... Ҳамин тавр, шаб шуд. Раҳим масту пакар аз дар даромад. Ӯ янгаҳояшро дар пеши дари хонааш дида, шӯрид:

- Ҳардуятро набинам. Ку дафъ шавед тез, - гуфт ӯ.

- Мо вазифаамонро иҷро накардем, - гуфтанд онҳо. -Дар ин ҷо модаратон ва дар он ҷо хушдоманатон моро нигоҳ карда, шиштаанд. Ба мо гап мерасад. Рӯяямон сиёҳ мешавад, ака, - баробар зорӣ карданд

Раҳим ба дарун даромада, дарро қулф кард.

- Хӯш, Аскарро то ҳол ба ёд наовардӣ? – пурсид ӯ. Вай бачаи қадпаст, сиёҳтоб ва чашмкабуд аст.

- Маро имрӯз ҳам гирёнданиед? - арӯсак қавоқ андохт. - Диламро пора карда, ҳар рӯз Аскар, Аскар мегӯед. Гуфта истодаам –ку, Аскар-паскарро намешиносам. Ба ман бовар накунед,барои чи гирифтед?, - гуфта, боз гиряро сар дод.

Нигина ба як тарафи ҷойгаҳ даромаду ба дигар тараф нигоҳ карда, хоб рафт.

- Барои чи либосатро накашидӣ? - пурсид домод аз ҷояш хеста.

- Ҳамин хел хубтар аст, - гуфт Нигина ва сарашро зери кӯрпа кард.

- Ӯй, - бо почааш духтарро тела дод Раҳим. - Рафта, об биёр, ки доруямро нӯшам.

Духтар шармгинона ба берун рафт ва баъди чанду бо як истакон об баргашт.

Домодро чизеро бо об нӯшиду хоб рафт. Нигинаро ҳам хоб бурд.

Баъди як ҳафта

Аҳволи Нигина ҳар шаб як хел буд. Шавҳараш танҳо дар бораи Аскар мепурсиду халос ва ҳатто ба ӯ наздик намешуд. Дар рӯзи ҳафтум модараш, аммаю холаҳояш барои кандани чодар омаданд. Аз имрӯз сар карда, арусак рӯйпӯш партофта, ба ҳавлӣ даробаро мекард. Ба корҳои хона ёрӣ медод.

Як вақт модараш пайт ёфта, ба назди Нигина омад ва аз хонадориаш бо Раҳим пурсид.

- Домодатон наркоман будааст, - бо гиря гуфт арӯс. - Наша наёфта, аз дина ким чӣ хел дору хӯрда истодааст. Ҳушаш дар худаш нест.

- Дурӯғ нагӯ! – гуфт модари Нигина. - Нағз гашта истодааст, - ку?! Ё нашакашиашро дидӣ? Соҳиби ҳамин хел хонаву дар наход наркоман шавад? Ҳушат дар ҷояш, духтар? – гуфт ӯ ва аз дар баромад.

Баъди рафтани меҳмонҳо янгаи калонии Раҳим пайдо шуд. Ӯ аз моҷаро арӯсро огоҳ карданӣ шуд.

- Дароям мумкин? – пурсид ӯ.

- Дароед, - сурх шуд арӯсак.

- Ман бо ҳамон масъала омадам, - гуфт янгаи Ситора. - Аз дилатон суханҳои бад нагузарад,лекин ин масъала нозук аст. Агар дар вакташ ҳал нашавад, нисбати шумо шубҳаю гумон кардани аҳли хонадон мумкин. Худатон хуб мефахмед, келин.

- Мефаҳмам, лекин барои чӣ танҳо аз ман шубҳа мекунанд? - гуфт арӯсак бо овози паст. - Дар домод ҳам айб шуданаш мумкин –ку?!

- Гуфтаниед, ки домод наздикатон намешавад, - чашмак зад Ситора.

- Тамоман не. Чӣ доруе мехӯраду хоб мекунад, - гуфт духтар.

- Фаҳмо, - гуфт Ситора ва аз дар баромад.

Талоқ

Ситора рост ба назди хушдоманаш рафт ва қазяро ба ӯ нақл кард. Бегоҳ Раҳим омаду модараш аз ӯ сабаб пурсд ва ҷанҷол бардошт. Бача, ки масти аласт буд, дар сари қаҳр арӯсаки ҳафтрӯзаашро талоқ дод. Ҳамин тавр, Нигинаи азиятдида, ки ҳамагӣ ҳафт рӯз дар хонаи хушдоман буду акнун ҷавобашро гирифту аз шарм ба хонаашон рафта наметавонист, дар шоҳроҳи зиндагӣ лолу ҳайрон монд ... Ба Аскар, ки зомини бахташ шуда буд, лаънат мехонд. Фақат Худоро шукр мегуфт, ки шавҳараш асли фоҷиаи ӯро нафаҳмид ва нашаро сабаби ҷудошавии оилаи навбунёдаш кард. Ӯ роҳ пеш гирифт ба сӯи норӯшаниҳо. Ба он ҷое, ки тақдир мебурдашу амри Худо...

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД