Рамазон моҳи пурфайзу бобаракат буда, дар ин моҳи бузург натанҳо ҷисми инсон, балки рӯҳи кас низ бояд рӯзадор бошад.
Муслимин кӯшиш мекунанд, ки дар ин моҳи муборак забони худро аз дашному ҳақорат, тӯҳмату бӯҳтон, ғайбату бадгӯӣ ва умуман аз ҳарзагӯйӣ нигаҳ дошта, то метавонанд ба ятимон, дармондагон, беморон, мӯҳтоҷон дасти ёрӣ дароз намоянд ва иди рамазонро бо вуҷуди орӣ аз кудурату гуноҳ ва қалби саршор аз шодиву нишот пешвоз бигиранд. Иди рамазон дар минтақаҳои гуногуни кишварамон ба таври хос ҷашн гирифта мешавад, аз ҳамин хотир дар арафи ин иди шариф мо бо яке аз кадбонуҳои моҳири Истаравшан Дилбар Шарипова дар бораи чи тавр ҷашн гирифтани иди рамазон дар ин шаҳри бостонӣ сӯҳбат оростем.
-Ассалому алайкум! Омад-омади иди саиди Фитр муборак бошад!
-Воалайкум ва салом! Ба Шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон иди Рамазон муборак бошад. Илоҳо Худованд Тоҷикистони азизамонро дар паноҳи худ нигаҳбон бошад ва сулҳу суботро дар ин мулк ҳамеша пойдор гардонад.
-Дар Истаравшан иди Рамазонро чӣ гуна ҷашн мегиранд? -Ин иди пурфайзу баракат дар манотиқи мухталифи кишвар бо таври хоса таҷлил карда мешавад. Дар баъзе шаҳру навоҳӣ дар ҳар як хонадон кадбонуҳо албатта дастурхони шоҳона ороста, мунтазири омадани меҳмонон мешаванд, вале дар Истаравшани бостонӣ ин тавр нест. Мардуми Истаравшан дар рӯзҳои ид бештар ба аёдати беморон, пирону барҷомондагон, ятимону маъюбон ва камбизоатон мераванд, то дили онҳоро шод созанд. Оилаҳое, ки бемор ё ятим доранд, танҳо баъди омадани меҳмо як дастурхони оддӣ меороянд.
-Яъне, пешакӣ пухтупаз карда, тайёрӣ намебинанд?
-Не, анъанаи махсус ба хотири ид пешакӣ пухтупаз кардану сарфу хароҷоти бисёр намудан дар мо вуҷуд надорад, вале онҳое, ки ба тозагӣ келин кардаанд ё духтарашонро ба шавҳар додаанд, кулчақанду шириниҳо мепазанд, чунки маъмулан дар иди рамазон қудоҳо ба хонаи ҳамдигар меҳмонӣ мераванд.
-Духтар, агар дар фотиҳа бошад, ҷониби домод ба хонаи арӯс идона мефиристад. Ин анаъана дар шумо ҳам ҳаст?
-Бале, ин аъана дар Истаравшани бостонӣ ҳам вуҷуд дорад. Онҳое, ки нав риштаи қудо-андагӣ пайдо карда истодаанд, бо умеди он ки ҳаёти фарзандонашон ширину гуворо шавад, дар иду айём, аз ҷумла дар иди рамазон ба ҳамдигар ширинӣ мефиристанд.
-Мегӯянд мардуми Истаравшан анъанае доранд бо номи "ош бараку ош биёрак" дар ҳамин бора каме маълумот медодед?
-Ҳар сол як рӯз пеш аз иди Рамазон ва иди Қурбон бегоҳии охири рӯзадорӣ дар ҳар хонадон ба қадри тавон ош мепазанд ва ба ҳаққу ҳамсоя (ҳамсояи наздик) ва хешу табори наздики худ як табақи ош тақсим мекунанд. Аҷибияш дар он аст, ки ош гардиш мехӯрад, масалан шумо ба ман як табақ ош равон мекунед ва ман бар ивазаш ба шумо аз оши пухтаи худам як табақ мефиристам. Саволе ба миён меояд, ки ин ба кадом хотир аст? Мақсади ин анъана мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ ва бахшиши ҳамдигар мебошад. Як рӯз пеш аз ид ҳатто онҳое, ки камбағал ҳастанд ва имконият ош пухтан надоранд, илоҷе карда, як дегча ош мепазанд. Бо шарофати ин анъанаи нек дар дастурхони оилаҳои камбизоат низ якбора чанд табақ оши палав пайдо мешавад ва мардум дуо мекунанд, ки хонаи ин оила минбаъд ҳамеша чунин пурфайзу пурбаракат бошад.
-Пештар иди рамазонро дар Истаравшан чи хел пешвоз мегирифтанд?
-Ин саволи шумо маро беихтиёр ба дунёи кӯдакӣ бурда, лаҳзаҳои ширин ва беғашӣ айёми тифлӣ пеши назарам пайдо шуданд. Мо замони хурдсолӣ дар иду айём, махсусан дар иди Наврӯз ва иди Рамазону қурбон ба дидани арӯсакон мерафтем. Дари хонаводаҳое, ки нав келин гирифта буданд, дар рӯзҳои ид барои кӯдакони дӯстрӯяк боз буданд ва арӯсакон ба мо ҳар хел чизҳои аҷиб тӯҳфа мекарданд. Ин анъана то ҳол дар баъзе ҷойҳо побарҷо буда, кӯдакон дар рӯзи ид арӯсбинӣ мераванд.
-Дар охир ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар иди саиди Фитр чӣ гуфтаниед?
-Халқи тоҷик бисёр миллати бузург ва саховатманду накӯкор аст, вале ростӣ ман фикр мекунам, ки агар ба ҷойи оростани дастурхони шоҳона дар иди рамазон ба ятимон, бевазанон, беморон, пирони барҷомонда ва дигар дармондагон дасти ёрӣ дароз намуда, ба қадри тавони худ ба онҳо хайр мекарданд, савобаш даҳчанд мегашт. Чаро? Кулчақанду ширинӣ ва торту хӯришҳое, ки дар иди рамазон мепазанд, вайрон мешаванду хӯрданиҳоои лазизи пухтаашонро занҳо ба об мепартоянд. Ин сироф аст ва худованд исрфро ҳаром хондааст. Пас беҳтар нест, ки ба ҷойи сарфу хароҷоти бисёр карда, баъдон онро ба об партофтан, ба ягон одами мӯҳтоҷ ҳамон пулро диҳем ё ба ятимакон хайр кунем?! Ба назарам беҳтар аст ва худоро низ аз одамони саховатманду накӯкоре, ки ба бевазанҳову ятимону бечорагон хайр мекунанд, хуш меояд. Дар урфият мегӯянд-ку
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи Акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Боқӣ, иди саиди фитрро ба тамоми мардум муборак мегӯям ва дуо мекунам, ки Аллоҳи меҳрубон ҳамаи мову шуморо ба рамазони дигар сиҳату саломат бирасонад. Омин!
-Ташаккури зиёд барои сӯҳбати самимӣ.
Абдуғаффор Шодиев