Commerce bank may-june 2026
Арӯсӣ ва бастани ақди никоҳ кам шудааст
131

Тӯйҳои арӯсӣ ва бастани ақди никоҳ дар нимсолаи аввали соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта камтар шудааст. Дар ин бора раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Тавре ӯ зикр намуд, дар шаш моҳи соли равон 27 ҳазору 563 ақди никоҳ дар идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ расман ба қайд гирифта шудаанд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли пешин 2792 ҳолат кам аст. Аз ин шумора 141 ақди никоҳ бо кам кардани синни никоҳӣ тибқи қарори суд баста шудааст.

Зимни нишаст қайд карда шуд, ки дар ин давра 3526 ақди никоҳ бекор карда шуда, дар натиҷа 3111 нафар кӯдакони ноболиғ дар тарбияи яке аз волидон мондаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД