Arzon march 2024
АРӮС СЕ РӮЗ ПЕШ АЗ ТӮЙ ГУРЕХТ
6618

Салом ба кормандони «Оила» ва хонандагони сершумораш! Мехоҳам дарди диламро ба шумоён гуфта андаке ҳам бошад, худро сабуктар эҳсос намоям. Дар 17-солагӣ бо яке аз гулдухтарони зебои деҳаамон аҳди ишқу муҳаббат бастам. Мо мисли дигар дилдодагон гап мезадем, мулоқот мекардем, ба тамошои боғу гулгаштҳо мерафтем…

Хулоса, ду сол ишқварзӣ карда, ба таври худ хислату хӯйи ҳамдигарро омӯхтем. Духтар ба ман маъқул шуду қарор додам, ки ӯро ба занӣ мегирам. Вақте аз дилбарам пурсидам, ки ба хонаатон кай хостгор фиристам, шармида «фиристед, ман интизор мешавам» гуфт. Аз ин ҷавобаш пай бурдам, ки вай аллакай ба тӯй тайёр аст, хурсанд шуда ба хона омадаму модарамро барои хостгорӣ рафтан розӣ кунондам.

Волидони арӯс хостгории моро дарҳол қабул карда фотиҳа доданд. Акнун мани ошиқи шайдо хаёлан худро бо фариштаи орзуҳоям дар сари тахти арӯсиву домодӣ тасаввур карда аз хурсандӣ бе болу пар парвоз мекардам. Шабҳо то саҳар аз шавқу хаёли васли ёр хобам намебурд, аз як паҳлӯ ба паҳлуи дигар гашта, зиндагии ояндаамонро тасаввур мекардам, барои кӯдаконамон номҳои муносиб мекофтам.

Модари арӯс аз пахтаю матоъҳои бурдаи мо бо мурод кӯрпаю кӯрпача дӯхту падараш қолину палос ва чинивору мебел харида овард, дар хонаи мо ҳам тайёрӣ ба тӯй дар авҷ буд, аммо…

Се рӯз пеш аз тӯй хабар расид, ки арӯси ман бо ким-кадом ҷавони дигар гурехта рафтааст. Ҳамин қадар вақт арӯсам «буққа» доштаасту мани сода бехабар аз найрангҳои ин духтари маккора қасри бахт месохтам.

Вақте фаҳмидам, ки арӯсшавандаам ким-кайҳо номусашро ба он ҷавон бахшида будааст, дуд аз димоғам баромад, вале боз Худоро шукр гуфтам, ки маро аз хонадор шудан бо чунин духтари худобехабар ва бе шараф наҷот дод. Ёри гурезаам ҳамеша «Оила»-ро мехонад, аз ин рӯ аз минбари ин Оила ба ӯ гуфтаниям:

-Ман аз фирор карданат заррае ғам намехӯрам. Аз он ғам мехӯрам, ки бо айби ту беномус падару модарат шарманда ва ангуштнамои дӯсту душман гаштанд!

Асадулло

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД