Хусусан хоҳари ӯ хеле кунҷковона ба Сабрин менигарист, зеро ин гуна домани кӯтоҳу туфлиҳои пошнабаланд ва нохунҳои дарозро танҳо дар кинофилмҳо дида буд. Сабрин давоми чанд рӯзи дар деҳа буданаш ба аҳли ин оилаи меҳрубон унс гирифт, хоҳари Асад ба вай куртаҳои тоҷикӣ дӯхта дод, ҳамсояҳо овоза карданд, ки Асад аз шаҳр барои худ зан овардааст ва шояд малоикаҳои даргузар омин гуфтанд, ки ҷавон як шом ба Сабрини паричеҳра арзи ишқ кард. Асад он қадар ҷавони зебо набошад ҳам, хеле меҳнатӣ ва дилсӯзу меҳрубон буд, боз ҷавони зан надида, Сабрин розӣ шуд ва ҳамаи инро чун ҷазо аз ҷониби Худованд барои ношукриҳояш ба зиндагии шоҳонаи хеш медонист.
Дар як муддати кӯтоҳ бойдухтари эрка тамоми кори хос ба занони деҳотро аз худ кард, хусуру хушдоман, қайсингилу ҳаққу ҳамсоя ин санами нозанинро дӯст медоштанд. Асад раҳмат мегуфт ба он рӯзе, ки падараш тамоми пасандозашро ба вай дода, хоҳиш кард, ки барои осонии кори хона як мошинак харад ва ҷавон бо ин мошин аз шаҳр бахташро ёфт. Асад он қадар Сабринашро дӯст медошт, ки ягон бор шавҳардида буданашро ба ӯ таъна назада буд. Сабрин низ ба зиндагии камбағалона ва шавҳараш одат кард, дигар гузаштаи нангинашро ба ёд намеовард, вале дилаш ба ёди модару падар ва акаҳояш гум мезад. Худро мазаммат мекард, барои беақлиҳояш…. Худованд ба Сабрин як духтару як писари зебо дод ва ягона хушбахтияш дар ин маҳрумиятҳо танҳо фарзандонаш буданд. Сабрин тамошои телевизорро дӯст намедошт, зеро бо дидани кӯчаҳои гулпӯши Душанбе аёми кӯдакию беғамӣ ва волидону акаҳояш ба хотираш мезаданд. Аммо як рӯз Асад аз ҳисоби фурӯхтани бузу гӯсфандҳояшон телевизори калони ранга хариду бори аввал Сабрин назди равзанаи симо нишаст. Хусуру хушдоманаш ба хонаи хоҳаршӯяш, ки дар водӣ шавҳар карда буд, ба хабаргирӣ рафта буданду онҳо бо шавҳараш дар хона танҳо буданд. Барномаи Ахбор мерафт, ҳамин вақт баранда гуфт:
-Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар пойтахт боз як корхонаи дигар кушода шуд, ки онро тоҷири маъруфи кишвар Сафоев Аскаршо мабалғгузорӣ кардааст ва Сабрин дидани чеҳраи банури падарро ёд дораду халос. Асад беҳуш шуда афтидани занашро дида, ҳайрон шуд, вале номи он тоҷирро ба ёд гирифт, зеро фаҳмид, ки зери коса нимкосае ҳаст… Сабрин ба худ омад, вале сабаби бехудияшро нагуфт. Асад дар дил нақша дошт, ки он мардро меёбад ва пас аз як ҳафтаи ин воқеа ба ноҳия меравам гӯён, «Нива»-и кӯҳнаякашро аз назари усто гузаронду ба Душанбе сафар кард. Кофта- кофта, корхонаи Сафоев Аскаршоро ёфт, вале ба қавли кормандон «шеф»-ро наёфта дар остонаи коргоҳ даруни мошинаш интизорӣ кашид. Интизории Асад ду рӯз тул кашид, чун Аскаршо аз зердастонаш фаҳмид, ки як ҷавони қишлоқӣ ду рӯз боз даруни мошинаш ӯро интизорӣ мекашад, Асадро ба наздаш даъват кард. Асад баъд аз адои салом гуфт:
-Ака, ман Асад ном дорам, аз фалон деҳаву фалон ноҳия ба назди шумо барои он омадам, ки ҳамсари ман бо дидани шумо аз телевизор ҳушаш рафт… Аскаршо ба Асад нигариста гуфт, -ту танҳо барои ҳамин маро суроғ омадаӣ?
-Нею…. -Асад тамоми қиссаи зангирияшро ба Аскаршо нақл кард ва мард ӯро бо диққат гӯш кард, баъд асабиёна ғалладони мизашро кушода, як бандча долларро гирифта, ба сӯи ӯ ҳаво доду дод зад:
-Маҳ, гир, боз даркор бошад медиҳам, аммо дигар номи вай аҳмақро дар назди ман нагир, духтари ман мурдааст!
Асад аз ин вокуниши Аскаршо ҳайрон шуда гуфт, -ман назди шумо пулталбӣ наомадаам, Сабрин, агар духтари шумо бошад, зани ман аст, агар дар назди шумо гунаҳгор бошад, назди ман гуноҳе надорад, ӯ модари фарзандони ман аст ва ман намегузорам, ки хор шавад, фақат ҳақиқати ҳолро фаҳмидан мехостам, дигар саломат бошед!
Ғурури ин ҷавони камбағал обе гашт ба рӯи оташи ғазаби Аскаршо ва пеши назараш чашмони интизору дили дардманди Нигора омаданд, писаронаш ҳар кадоме дар хориҷа зиндагиро ихтиёр намуданду ҳамсараш дарди танҳоӣ мекашад. Ҳар сол ду се бор ба Амрикову Олмон назди келину набераҳо равад ҳам, духтарашро аз ёд бароварда наметавонад, Аскаршо иқрор шуд, ки худаш низ духтарашро пазмон шудааст ва ба посбони назди дар фармон дод, ки ӯро гардонад. Хусуру домод то дер ба ҳам сӯҳбат карданд, Аскаршо ба Асад ҳақиқати гапро гуфт, вале ҷавонмард Сабринашро ба дараҷае дӯст медошт, ки ҳатто вайро гунаҳгор ҳам намеҳисобид. Асад ба хонааш баргашту як ҳафта пас волидони Сабрин бо тӯҳфаҳои зиёд ба хабаргирии духтари гумшудаашон омаданд. Аҳли деҳа дар ҳайрат буданд, ки Сабрин чаро худро сағера мегуфтааст, агар чунин волидони баобрӯ доштааст. Асад ба ҳама гапу калоча нуқтаи равғанин гузошта гуфт:
-Ману Сабрин якдигарро дӯст медоштему волидонаш ӯро ба ман додан нахостанд, мо пинҳонӣ аз онҳо зану шавҳар шудем, аз ин рӯ, волидони занам аз мо ранҷида буданд…
Сабрин сарашро ба пои падараш монда, ашк мерехт, писару духтараш бошанд, гирди бибияшон парвона буданд.
Асадро хусураш дар корхонааш ба кор гирифту ғоибона ба донишгоҳ дохил кард, дар муддати кӯтоҳ ӯ ба дасти рости хусураш табдил ёфт. Сабрин ба Асади тозаю озода ва хушлибос нигариста, зиёдтар дӯсташ медошт, пас аз як соли кор дар шаҳр Асад зану фарзандон ва падару модари пирашро низ кӯчонида овард…
Имрӯз Сабрин низ ҳамроҳи шавҳару падараш ба тиҷорат шуғл дорад, вале дигар либоси аврупоӣ ба бар накард. Кош ҳама бадбахтиҳо ба хушбахтӣ ба поён расанд…