Давомаш ...
- Падар, наход ҳамон як таги коса мондагиро пуштибонӣ кунӣ?
- Чӣ хеле ҳаст ё нест, ба ман писанд аст, фаҳмидӣ?
Модарандарро фарзандон дар ғайби падар чунон азобаш медоданд, ки ногуфтанӣ. Муҳайё ба ӯ иҷозати наздик шудан ба дастурхонро ҳатто намедод. Ҳамеша ҳамаи сухани қабеҳи аз даҳонаш баромадаро ба Дилбар мегуфт:
- Ҳой, Дилбарӣ ё Гулпарӣ барои ман фарқ надорад шахсияти ту. Инро дон, ки ту дар ин хонаву дар, дар ҷойи гашту гузори модари ғамсухтаам намегузорам, ки гаштугузор намуда, нафрати моро нисбат ба худат зиёд гардонӣ.
Дилбар дигар ба ҷабру ҷафои фарзандони шавҳар тоб наоварду ба шаҳр рафт. Азиз ҳар қадар кӯшиш кард, аммо ӯро ба хона бар гардонда натавонист.
Абдулло ҳам тарки хона карду ба муҳоҷират баргашт. Азиз акнун дар хона танҳо монд.
Аз байн як моҳ гузашт...
Рафтори Дилбар тамоман бо Азиз тағйир ёфт. Занак дили як ҷавони дигарро ёфта, ӯро ба доми макри худаш кашид. Ҷавон пинҳонӣ аз хонаводаашон Дилбари кампиргаштаро бо худ ба Русия бурд. Азиз аз ин воқеа хабар ёфту ба фишорбаландӣ гирифтор шуд. Як нисфи баданаш аз кор монда, фалаҷ шуд.
Мардад тани танҳо дар хона монд. Писаронаш ҳеҷ аз муҳоҷират ба хонаи холии бе модар баргаштан намехостанд. Азиз акнун ба зӯр - ба зӯр роҳ мерафт.
Либосҳояшро бисёри вақт худаш мешуст. Худаш хурок мепӯхт. Ҳатто ҳамсоягонаш ӯро бад медиданд бо ин кори кардааш.
Духтаронаш аз хонаи шавҳар омада маъракаҳои модарашонро гузаронда, ба хонаҳояшон бармегаштанд. Азиз минбаъд ба шахси ёрирасон зор гашт.
Лаҳзаҳои мисли раисҳо дар болои кат нишастану Раъно мисли пешхизмат дар наздаш рост истоданашро ба хотир оварда, мегуфт:
- Носипосӣ кардам. Нав фаҳмидам. Дилбар, ту Дилбар нею хонасӯз будаӣ.
Азизи мисли саги маҷруҳ оҳиста - оҳиста роҳ мерафт. Каме ба худ омад ва фаҳмид, ки зани вафодар кӣ будаасту зани беҳаё чӣ гуна. Аз кардааш пушаймон гашта буд. Дигар чӣ илоҷ? На қуваи зан гирифтан дошту на кор кардан. Худро бе касу куй гумон мекард.
Писаронаш баъди 10 сол ба хона баргаштанд. Онҳо ҳамеша мегуфтанд: Очаамонро беқадрӣ кардӣ!
Бачаҳо нафратро аз падар дур карда наметавонистанд. Азиз иқрор шуд ки гунаҳкор аст. Оби рехтаро ҷамъ карда намешавад.
Аз идора: Бо нашри ин қисса ба изати нафси касе расиданӣ нестем. Танҳо нишон додан мехоҳем, ки бо ин хӯю хислат худатон хулоса бароред ва аз зани сабукпо меҳру вафоро интизор нашавад.
Бахт бахти аввал аст. Агар Раъно ками дигар сабр мекард, зиндагиаш шояд мисли аввала ширин мегашт. Аммо афсӯс, ки мард дер хатоиашро фаҳмид.