Давомаш ...
Солҳо турнасон гузаштанд ва Азизу Раъно соҳиби шаш фарзанд гаштанд. Муҳаёву Миҷгонаю Маҳина ба модарашон рафта, парӣ барин зебо ва боақлу фаросат буданд ва талабгорони зиёде доштанд.
Азизу Раъно духтарҳояшонро ба оилаҳои сарватманд ба шавҳар дода, писарҳояшон Абдулло, Амрулло ва Нуруллоро ба донишкадаҳои олӣ дохил карданд. Вақти он расида буд, ки дар сояи фарзандон давлати пирӣ ронда, набераҳояшонро ба камол расонанд, аммо баъди сари падарарӯсаш Азиз якбора ҷомаашро чаппа пӯшида, бевабоз шуда монд.
Умраш аз шаст гузашта бошад ҳам, мисли ҷавони 25 - сола ришу буруташро гирифта, либосҳояшро чанд бор пай дар пай дарзмол карда мепӯшид ва атрҳои қиматбаҳои мардонаро ба сару танаш пошида, ба мошин менишасту рӯзи дароз бедарак мешуд.
Аввалҳо Раъно ба ин нағмаҳои шавҳараш чандон аҳамият намедод, вале баъд фаҳмид, ки мардакаш дар дами пирӣ бевабоз шудааст…
Дилбари ҳилагар
Синну соли Дилбар аллакай қариб ба 50 расида бошад ҳам, пояш аз кошонаи ҳусн канда набуд. Вай дар назди машшотаҳо худро орову торо дода, ба рӯи ожангҳои дамидааш пудраю кремҳои рангорангро мемолид, чашму абрувонашро ранг карда, миҷгони сунъӣ мечаспонд ва мӯйи ориятӣ - парик монда, аз худаш маликаи ҳусн сохтанӣ мешуд. Мардоне, ки ақлу тамиз доранд, аз бало ҳазар гӯён, аз чунин занҳои беандеша худро дур мегиранд, аммо барои мардони ишратпараст Дилбар роҳати ҷон менамуд.
Яке аз он мардони ба доми шайтон афтида Азизи пояш ба лаби гӯр расида буд. Ин мӯйсафеди занбоз соҳиби чанд келину домод ва набераю абера бошад ҳам, шарму ҳаёро фаромӯш карда, рӯзи дароз бо Дилбари шайтонсират айшу ишрат карда мегашт ва на танҳо пулҳои худаш, балки пулҳои додаи фарзандонашро низ ба «арӯс»и пираш сарф мекард. Аслан, ба Дилбар Азиз не, пулҳояш лозим буданд, аз ҳамин хотир, дар ғайби Азиз бо дигарон ишқварзӣ кунад ҳам, дар назди ошиқи пираш чунон вонамуд мекард, ки гӯё бо ҷону дил ошиқи зори ӯ гаштааст….
Беҳуда «дуздию ғарӣ пушти саргини хар» нагуфтаанд. Бӯйи бади ишқи пургуноҳи Азиз пинҳон намонда, овозаи бевабозии ин мӯйсафеди ишратпараст дар тамоми маҳалла паҳн гашт. Нигоҳи пурмаъно ва ишораҳои ошкору ниҳони ҳаққу ҳамсояҳо ба ҷони холаи Раъно мисли нештар мехалид, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ин мӯйсафеди бе ақл занбозиашро пинҳон надошта, бо ифтихор мегуфт:
- Кампир, бӯйи атри кундошатро ҳис карда истодаӣ ё не? Эҳ ишқу ошиқии мо ҳеҷ будааст. Акнун фаҳмидам, ки лаззати зиндагӣ чист …
Дандонҳои Раънохола аз ғазаб шараққос зананд ҳам, эҳтироми занушавҳариро пос дошта, мӯйсафедашро ба худ оваданӣ мешуд:
- Духтар доред, писар доред, хонаи обод доред, охир ба шумо чӣ намерасад, ки аз паси як беваи кӯчагӣ давида обрӯятонро мерезонед?
- Ишқ намерасад, ишқ! Ман ҳоло ҷавонам, дилам зани ҷавон мехоҳад! Кампир, иҷозат деҳ, ки ман Дилбарҷонамро ба ҳамин хона биёрам. Ҳардуятонро як хел нигоҳубин мекунам. Парво накун, як шаб бо тую як шаб бо Дилбар…
- Аз ҳад гузарондӣ, мӯйсафед. Дониста бош, ки агар ҳамон беваро ба ин хона биёрӣ, ман худамро дар байни ҳавлӣ оташ мезанам, - дар 40 соли зиндагиашон бори аввал ба рӯйи шавҳараш давид Раъно.
- Гумон мекунӣ, ки ту худатро оташ занӣ, ман зиқ мешавам? Хестӣ, ки хобӣ, занак! Оташ заданӣ бошӣ, ҳо ана конистри бензин дар ҳамом истодааст. Гиру ба сару рӯят рез. Бо як дона гӯгирдчӯб ҳам ҷони ту халос мешаваду ҳам ҷони ман, - мӯйсафеди Азиз инро гуфта, аз ҷояш хест ва намоишкорона атр пошида: «Биё, биё Дилбарҷон, чашми сиёҳта қурбон» гӯён, ба сӯйи мошинаш рафт…
Оташи рашк
Мӯйсафеди Азиз бо шаст мошинро аз ҳавлӣ бароварда, дар як дам чангу хоки кӯчаро ба ҳаво хезонда рафт, вале Раънохола баъди суханони охирини шавҳараш ҳеҷ ба худ омада наметавонист. «Конистри бензин дар ҳамом истодааст, онро гирифта ба сару рӯят рез, бо як дона гӯгирдчӯб ҳам ҷони ту халос мешаваду…». Ин ҳарфҳои аблаҳонаи мӯйсафеди ба васвасаи шайтон гирифтораш дар гӯшҳои Раънохола такрор ба такрор садо медоданд. Раъно ҳарчанд мекӯшид, ки ин суханонро ношунида гирад, аммо ба назараш чунин мерасид, ки дару девор суханони Азизро такрор карда истодаанд.
Зани дар оташи рашку алам сӯхтаистода чӣ хел ба ҳамом даромад, худаш ҳам намедонист. Вай бо чашмони пуроб зарфи бензинро бардошта, 5 литр сӯзишвориро якбора ба сараш рехт ва….
Баробари фурӯзон гаштани гӯгирдчӯб оташ аланга зада ба сару рӯйи Раъно часпид. Сӯзиши ҷонкоҳи пайкараш занро ба худ овард ва ҷонҳавл худро ба берун зад. Акнун ӯ бо тамоми овоз дод гуфта, одамонро ба ёрӣ мехонд. «Сӯхтам, сӯхтам, эй вой ҷонаки ширинам месӯзаде, ёрӣ диҳед…»
Давом дорад ...
Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ соати 21:00 мутолиа кунед.