Чанд рӯз боз оташи ҷанг дар хонаи мӯйсафеди Азиз ҳеҷ хомӯш намешуд. Холаи Раъно ҳарчанд кӯшиш мекард, на бо хубию на бо гандагӣ мӯйсафедашро аз роҳи хато баргардонда наметавонист.
Пирию хартозӣ гуфтагӣ барин, ин мӯйсафеди пояш ба лаби гӯр расида, дар пирӣ ошиқ шуда буд. Ошиқи як беваи шаҳрӣ. Ҷавон мебуд, дарди ба хайр, вале охир фарзандонашон ҳама баркамол, духтарҳо соҳиби шавҳару хонаву дари обод, писарҳо зану фарзанд доранд, хешу табор ва қудоҳо фаҳманд ба ҳолашон механданд.
- Мӯйсафед, гардани шайтонро шиканед. Охир, мо дигар кӯдак нестем. Шукри Худо соҳиби набераю абера шудаем. О ба шумо чӣ намерасад, ки аз паси як беваи кӯчагӣ давида мегардед?, - оҳи сард кашида, мегуфт Раъно - хола дар танҳоӣ ба шавҳараш.
- Ин қадар ғур - ғур карда, ба асаби ман нарас, кампир. Гуфтам, ки зан мегирам, мегирам! Ман ошиқ шудам. Мефаҳмӣ, мисли Маҷнун ошиқ шудаам?! Ошиқи зори Дилбар! - дастак зада мегуфт мӯйсафед ва мисли ҷавони 20 - солае, ки бори аввал лаззати ишқу муҳаббатро чашидааст, чашмонашро нимпӯш карда зери лаб замзама мекард: «Дилбари абрукамон, ҷону диламро ситонд…»
Ин суруди аблаҳонаи мӯйсафед асаби бе ин ҳам харобгаштаи кампирро чунон вайрон мекард, ки мехост бо панҷаҳояш гулӯи ин маҷнуни пирро буғӣ карда кушад, то дигар овозаш набарояд, вале..
Шарораи хотираҳо
Азиз дар вақташ ба Раънои мисли гули садбарг зебою дилкаш ошиқи зор шуда, бо талошу муборизаҳои зиёд ӯро ба занӣ гирифта буд, зеро волидони духтар ба ин издивоҷ розӣ набуданд.
Падари Раъно мудири калонтарин базаи савдои шаҳр буд. Ҳатто одамони мансабдор ба ӯ чорқад шуда салом медоданд, чунки корашон тез-тез ба ин марди кордон меафтид. Он вақтҳо молҳои хориҷӣ камёб буданд ва падари Раъно ба мансабдорон ба қавли маъруф «аз таги зертахта» молҳои касмаёби хориҷиро ёфта медод. Албатта бар ивази ин хизматаш коми мудирро ширин мекарданд, чунон ширин мекарданд, ки ногуфтанӣ.
Зиндагии серу пури ин оила ва таърифи ҳусну ҷамоли духтари амсоли фаришта зебои Раъно хостгорони зиёдеро ба таги дари хонаи мудир меовард. Рӯйи гирди бе ҷурм ва монанди барф сап - сафед, абрувони чун пари зоғ сиёҳи камоншакл, миҷгонҳои баргашта ва мӯйи мушкину ба қадаш баробари Раъно тамоми бачаҳои гирду атрофро девона карда буд. Бачаҳои маҳаллашон байни худ барои ба даст овардани ин зебосанам ҳатто мусобиқа эълон карда буданд, вале…
Хостгорҳои хира
Вақте ки падару модари Азизи бе кафшу маҳсӣ ба хонаи падари Раъно хостгорӣ омаданд, мудир аввал инро шӯхӣ гумон кард, вале бегоҳи дигар хостгорҳо боз дарашро куфтанд. Вай базӯр худро ба даст гирифта бо оҳанги нарм фаҳмонд, ки Азиз ва Раъно ҷуфти муносиб нестанд.
Хостгорҳо оҳи сард кашида баромада рафтанд, аммо се рӯз пас ду дона нон дар таги каш боз аз дарвоза даромаданд. Падари Раъно ин дафъа хостгоронро бо қошу қавоқи овезон пешвоз гирифт ва гапро ғоз надода, гуфт:
- Барои чӣ худро беҳуда сарсон карда ба ин ҷо омадед? Охир, аллакай гуфтам - ку, замину осмон ба ҳамдигар часпанд ҳам, ман духтарамро ба писари шумо намедиҳам. Раънои моро бачаҳои вазирону амалдорон талабгор шуда буданд ва то ҳол талабгоранд, ман девона нашудаам, ки хостгорҳои бо обрӯро рад карда, оқибат духтарамро ба як почакандаи қишлоқӣ бароварда диҳам, охир бузургонамон беҳуда нагуфтаанд:
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз.
- Илтимос, хафа нашавед. Охир, духтари мо дар дигар хел шароит калон шудааст. Худатон нағз медонед, ки фарзандони мо гули чизро хӯрда гули чизро мепӯшанд. Раънои мо дар хонаи шумо тоқат карда наметавонад. Беҳтараш ягон келини ба худатон муносиб ёбед, - бо оҳанги нарм гуфт модари Раъно, то дили хостгорон наранҷад.
Падару модари Азиз ноумед баромада рафтанду мудир хурсанд шуд, ки аз ин хостгорҳои хира ҷонаш халос шуд, вале тақдирро тадбир карда намешудааст.
Рӯзи дигар падару модари Азиз боз дари хонаи онҳоро куфтанд. Ин дафъа хостгорон раиси маҳалларо ҳамроҳашон оварда буданд, то ки дар ин кори хайр мадад расонад.
- Акаи раис, ман аллакай чанд бор фаҳмондам, ки писари онҳо ба духтари мо ҷуфти муносиб нест, чунки…
- Инҳо ҳамаашро мефаҳманд, вале писари якравашон ҷонашонро ба лабашон овардааст, - сухани соҳибхонаро бурида, гуфт раиси маҳалла ва афзуд, - бача ба духтари шумо чунон ошиқӣ зор аст, ки бе вай зиндагӣ ба ман ҳаром мегӯяд.
- Азизи мо дар ишқи духтари шумо Маҷнун шудааст, ки чашмаш ба ҷуз вай дигар ҳеҷ касро намебинад. Чандин духтарҳои дигарро ёфтем, вале писарам ду пояшро ба як мӯза андохта, Раъно ё марг мегӯяд. Дирӯз бо китоби муқаддаси Қуръон қасам хӯрд, ки агар Раъноро ба ман гирифта надиҳед, худамро дор мекашам,-бо сари хам суханони раиси маҳалларо тасдиқ кард падари Азиз.
- Хоки поятон шавам, не нагӯед. Охир мо 7 духтару 1 писар дорем. Агар бачам худашро ягон фалокат кунад, ман худамро дар ду дунё бахшида наметавонам. Агар духтаратонро ба писари мо диҳед, як умр ғуломи даратон шуда, хизмати шумоёнро мекунад,-модари Азиз бо чашмони пуроб ба пеши пойи падару модари Раъно афтид...
Дили падару модари духтар ба ҳоли ин марду зани камбағал, ки ба хотири фарзанди якаашон ба пеши пойи онҳо афтида буданд, сӯхт ва ба тӯй розигӣ доданд…
Домоди эрка
Ҳамин тавр бо амри тақдир Раънои нозанину ҳунарманди серхаридор насиби Азизи почаканда гашт. Беҳуда намегӯянд, ки Худо диҳад, намепурсад, ки бачаи кистӣ, баъди тӯй падари Раъно аз маркази ноҳия ҳавличаи зебои сабзу хуррамеро харид ва онро бо қолину палос, мебел, яхдон ва дигар ҷиҳози рӯзгор пур карда, ба арӯсу домод тақдим намуд, то ки духтараш дар зиндагӣ азоб накашад.
Азиз бачаи камбағал бошад ҳам, бисё дилёб буд, вай дар як муддати кӯтоҳ бо хушомадзанӣ ба дили хусуру хушдоманаш роҳ ёфта, домоди эркаи мудир шуда монд.
Аз байн як сол нагузашта, мудир ба домодаш мошин харида дод. Бурути Азизро акнун табар намебурид. Бо воситаи падарарӯсаш борҳои қиматбаҳои хориҷиро гирифта, обу лой мекард.
Бо мурури замон бо ёрии падари Раъно Азиз худашро гирифта, соҳиби чанд хона ва пулу моли бисёре гашт. Дар атрофи ин марди пулдор ҳамеша хонумҳои зиёде чарх мезаданд. Азиз аз занаш пинҳонӣ духтарбозӣ кунад ҳам, чунон вонамуд мекард, ки дар ин дунё ба ғайр аз Раъно дигар ягон касро дӯст намедорад, аммо…
Давом дорад ...
Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа намоед.